Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми бӯсидани модари зан (модарарӯс, хушдоман)

23347

Таърихи нашр : 06-08-2024

Мушоҳидаҳо : 1754

Савол

Ҳукми салом ва бӯсидан аз рухсораҳову гардани модари зан аз рӯи Шариъат чист? Лутфан далелҳои онро аз Қуръону суннат зикр кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Кушодани чеҳраи модарарӯс дар назди шавҳари духтараш бидуни ихтилоф ҷоиз аст. Аммо дар мавриди бӯсидани модарарӯс, ҷоиз нест, ки аз даҳонаш бӯса бикунад, зеро дар ин амал хатари барангехта шудани шаҳват вуҷуд дорад. Аммо агар ба муносибати бозгашт аз сафар ва монанди он, аз рӯи эҳтиром аз сару пешониаш бибӯсад, дар ҳоле ки хатари барангехта шудани шаҳват набошад, ҳеҷ боке надорад. Аллоҳ донотар аст".

Фатвои Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим.

Сарчашма: Аз китоби "Фатово-л-маръати-л-муслима". Ҷ/2, саҳ/721