Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Даҳаи охири Рамазон аз шаби бисту якум оғоз меёбад, хоҳ моҳ комил (30 рӯза) бошад ё ноқис (29 рӯза) бошад.

Савол

Ман оиди даҳаи охири Рамазон шубҳае дорам, ки яке аз дӯстонам ба ман он шубҳаро партофт. Дӯстам гуфт: Агар Рамазон 29 рӯза бошад, даҳаи охир аз 19-ум то 29-ум мебошад. Чигуна метавонам тоқ будани Рамазонро бифаҳмам? Ҷавоби шумо ба ин савол чигуна аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Даҳаи охири Рамазон аз шаби бисту якум оғоз меёбад, новобаста аз он ки моҳ сӣ рӯза аст ва ё бисту нӯҳ рӯза.

Ба ин гуфтор ривояти Бухорӣ (813) ва Муслим (1167) далолат мекунад, ки аз Абусаиди Худрӣ ривоят кардаанд, ки мефармояд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи аввали Рамазон ба эътикоф нишаст ва мо низ бо ҳамроҳи ӯ ба эътикоф нишастем. Ҷабраил ба назди ӯ омада гуфт: «Албатта он чизе, ки ту талаб дорӣ (яъне, шаби қадр), ҳанӯз дар пеш аст». Он гоҳ паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи мобайн ба эътикоф нишаст ва мо низ бо ҳамроҳи ӯ ба эътикоф нишастем. Боз Ҷабраил ба назди ӯ омада гуфт: «Албатта он чизе, ки ту талаб дорӣ (яъне, шаби қадр), ҳанӯз дар пеш аст». Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар субҳи бистуми Рамазон барои хутба кардан аз ҷой бархост ва гуфт: «Касе, ки бо паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба эътикоф нишастааст, пас бояд боз ба эътикоф нишинад, зеро шаби қадр дар хобам бароям аён шуд ва ман онро фаромӯш карда будам. Албатта шаби қадр дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон қарор дорад. Ман дар хоб дидам, ки гуё ман ба гилу об саҷда мекунам».

Сақфи масҷид бо баргҳои дархти хурмо пӯшонида шуда буданд. Дар осмон чизеро намедидем. Ногаҳон абре пайдо шуду борон борид. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар намоз ба мо имоматӣ кард ва дидам, ки асари обу гил ҳатто ба пешонӣ ва нӯги бинии расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зоҳир гардид ва ин тасдиқи хоби ӯ буд.

Дар ривояти Бухорӣ  (2027) омадааст: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи мобайни Рамазон ба эътикоф менишаст. Соле ба эътикоф нишаст, чун шаби бисту якум фаро расид, субҳи он рӯз аз эътикоф мебаромад. Фармуд: «Касе, ки бо ҳамроҳи ман ба эътикоф нишаста буд, пас дар даҳаи охир ҳам ба эътикоф нишинад. Ман онро имшаб дар хоб дидам ва боз онро фаромӯш кардам. Дар хоб дидам, ки дар субҳи он ба обу гил саҷда мекардам. Пас шаби қадрро дар шабҳои даҳаи охир ҷустуҷӯ кунед ва онро дар шабҳои тоқ ҷустуҷӯ намоед». Дар он шаб аз осмон борон борид, сақфи масҷид бо баргҳои дарахти хурмо пӯшонида шуда буд. Масҷид тар гардид ва чашмонам ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фаромад, ки асари обу гил дар пешонии ӯ дида мешуд. Ин ҳодиса дар субҳи бисту якум рух дод".

Ҳофиз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ҳадис исбот менамояд, ки хутбаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар субҳи рӯзи бистум буд ва бориши борон дар шаби бисту якум буд". Поёни сухан аз китоби "Фатҳу-л-борӣ" (4/257).

Дар ривояти Бухорӣ (2018) ва ҳамчунин дар ривояти Муслим (1167) омадааст:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи мобайни Рамазон дар масҷид менишаст ва чун бегоҳи шаби бистум фаро мерасид, барои пешвози шаби бисту якум ба хонааш бармегашт ва шахсоне, ки бо ҳамроҳи ӯ дар масҷид қарор доштанд, ба хонаҳояшон бармегаштанд".

Ин далолат мекунад, ки даҳаи охири Рамазон аз шаби бисту якум оғоз мешавад.

Аз ин рӯ, мазҳаби ҷумҳури донишмандон, аз ҷумла имомони чаҳоргона чунин аст: Касе бихоҳад, ки дар даҳаи охири Рамазон ба эътикоф бинишинад, ӯ пеш аз ғуруби офтоби шаби бисту якум ба масҷид медарояд.

Шабҳои тоқи даҳаи охир инҳоянд: Шаби бисту якум, бисту саввум, бисту панҷум, бисту ҳафтум ва бисту нӯҳум.

Шаби нуздаҳум ба шабҳои тоқи даҳаи охир намедарояд, новобаста аз он, ки моҳ комил бошад ё ноқис, чунки он аз даҳаи мобайн мебошад.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Шаби қадр мунҳасиран дар Рамазон қарор дорад, сипас дар даҳаи охири он, сипас дар шабҳои тоқи даҳаи охир, айнан дар камом шаб будани он муайян нашудааст. Тамоми ривоятҳои воридшуда бар ин чиз далолат мекунанд".

Поёни сухан аз китоби "Фатҳу-л-борӣ" (4/260).

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб