Ҷумъа 7 Ҷумода-л-уло 1446 - 8 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё андозҳо аз закот ҳисоб карда мешавад?

2447

Таърихи нашр : 22-08-2022

Мушоҳидаҳо : 1468

Савол

Оё барои инсон ҷоиз аст, ки андозҳои бар зиммаи худ бударо аз закоти молҳояш пардохт намояд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҷоиз нест, ки андозҳое ки соҳибони молҳо бар молҳояшон мепардозанд, аз закоте ки воҷиб аст, ҳисоб карда шавад. Балки бояд закоти фарзшуда алоҳида бароварда шуда, ба мустаҳиққони шаръияш, ки онҳоро Аллоҳ таъоло дар ояти зерин муайян намудааст, сарф карда шавад:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

 سورة التوبة: ٦٠ 

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнату-д-доима: 9/285