Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми "Бисмиллоҳ" гуфтан ба ҷои кӯдак ҳангоми хӯрок додан ба ӯ

264200

Таърихи нашр : 11-05-2023

Мушоҳидаҳо : 1381

Савол

Ҳукми "Бисмиллоҳ" гуфтан ба ҷои кӯдаке, ки ҳанӯз сухан гуфта наметавонад, ҳар боре, ки хӯрокхӯриро шурӯъ кунад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ман ин саволро ба шайхамон Абдурраҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, ӯ дар ҷавоб гуфт:

Барои амали худ "Бисмиллоҳ" бигӯед, на аз номи кӯдак. Яъне барои хӯрок додани ӯ "Бисмиллоҳ" мегӯед, на аз номи ӯ. Ин (яъне "Бисмиллоҳ" гуфтан) дар оғози кор (яъне дар оғози хӯрок додани кӯдак) бояд анҷом дода шавад, на дар ҳангоми ҳар луқмае, ки ба ӯ медиҳед". Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид