Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ дар рӯзи моҳи Рамазон зино кардааст ва метарсад, ки агар ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад, гуноҳаш ошкор мешавад, аз ин рӯ, оё метавонад шаст мискинро хӯрок диҳад?

275156

Таърихи нашр : 19-03-2021

Мушоҳидаҳо : 1802

Савол

Ман марди 36 сола ҳастам. Бист сол пеш, ман дар рӯзи моҳи Рамазон амали фоҳишаро анҷом дода будам. Он вақт ман ҳукми онро намедонистам ва ҳоло оиладор ҳастам ва метарсам, ки аз сабаби рӯзаи каффорат мушкилоте ба вуҷуд ояд. Барои он ки байни ману ҳамсарам мушкилоте эҷод нашавад, оё бароям ҷоиз аст, ки ба шаст мискин хӯрок бидиҳам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бар касе ки ба ин гирифтор шудааст, се чиз воҷиб аст:

1. Тавба ба даргоҳи Аллоҳ таъоло аз ин ду гуноҳи бузург, фоҳиша ва қасдан хӯрдани рӯза дар моҳи Рамазон. Ҳар ки тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд ва бадиҳояшро ба некиҳо табдил медиҳад, чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا ، يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً ، إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً    الفرقان: 68-70

«Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Фурқон: 68-71).

2. Қазои рӯзаи рӯзеро ки хӯрдааст, анҷом бидиҳад.

3. Каффорат, ки он озод кардани як ғулом аст. Агар наёбад, пас бояд ду моҳ пайдарпай рӯза бигирад. Агар ин корро карда натавонист, бояд шаст мискинро таом бидиҳад, зеро Бухорӣ (1936) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Дар назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ки марде омада гуфт: Эй расулуллоҳ, ҳалок шудам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту чӣ шудааст? Гуфт: Бо занам ҳамбистарӣ намудам дар ҳоле ки ман рӯза будам. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оё метавонӣ ғуломеро озод кунӣ? Гуфт: На. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оё метавонӣ ду моҳ пайдарпай рӯза бигирӣ? Гуфт: На. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оё метавонӣ шаст мискинро таом бидиҳӣ? Гуфт: На. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) каме истод. Дар ҳамин ҳол будем, ки сабаде аз хурмо назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оварда шуд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Саволкунанда куҷост? Он мард гуфт: Ман. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Инро бигир ва онро садақа бикун. Он мард гуфт: Эй расулуллоҳ! Оё онро бар шахси аз худам камбағалтар садақа бикунам? Ба Аллоҳ қасам, ки дар байни ҳар ду сангистон (санглохи сӯхта)-и Мадина хонаводае камбағалтар аз хонаводаи ман нест. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хандид, ҳатто дандонҳои ашкаш намоён шуд. Сипас фармуд: Онро ба хонаводаи худ бидеҳ.

Ибни Қудама (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Каффора бар касе, ки дар моҳи Рамазон қасдан аз фарҷ (шармгоҳ, узви таносули зан) ҷимоъ мекунад, мувофиқи дидгоҳи аксарияти донишмандон воҷиб аст, хоҳ аз ӯ нутфа хориҷ шавад, ё хориҷ нашавад".

Поёни сухан аз китоби Ал-Муғнӣ (3/60)

Ин каффорат ба гуфтаи аксарияти фақеҳон мувофиқи тартиб аст. (Яъне бояд тартиб риоя карда шавад). Бинобар ин, ба мискинон хӯрок додан барои касе, ки ба рӯза доштан қодир аст, ҷоиз намебошад.

Дуввум:

Агар ба рӯза доштан қодир бошед, дар ин ҳолат хӯрок додани мискинон қобили қабул нест. Аз фикру гумони атрофиёни худ тарсидани шумо (барои ду моҳ пайдарпай рӯза нагирифтан) узр ҳисобида намешавад. Шумо метавонед рӯзаи ин кафоратро назр намоед ва сипас ба касе, ки аз шумо мепурсад, бигӯед, ки ду моҳ пайдарпай рӯза гирифтанро назр кардаед. Бо ин роҳ шумо метавонед худро аз хиҷолат ҷилавгирӣ кунед.

Саввум:

Шумо дар он синну сол аз воҷиб будани кафорат бехабар будед, бахабарии шумо кафоратро аз зиммаи шумо соқит намесозад. Агар касе чизи ҳаромшударо бидонад, аммо аз оқибатҳои он бехабар бошад, ӯ маъзур ҳисобида намешавад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб