Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми истифода бурдани рӯзномаҳо ҳамчун дастархон барои хӯрокхӯрӣ

30761

Таърихи нашр : 02-05-2023

Мушоҳидаҳо : 1825

Савол

 

Оё рӯзномаҳоро ҳамчун дастархон барои хӯрокхӯрӣ истифода бурдан ҷоиз аст? Агар ҷоиз набошад, пас аз хондани рӯзномаҳо онҳоро чӣ кор кунем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Истифода бурдани рӯзномаҳо ҳамчун дастархон барои хӯрокхӯрӣ, печонидани чизҳо бо он ва тавҳин намудани он бо ҳар гуна тавҳинот ҷоиз нест, агар дар онҳо оятҳои Қуръон ё зикри Аллоҳ таъоло бошад. Агар ҳолати он ҳамонтавре бошад, ки зикр кардем, (яъне дар рӯзномаҳо оятҳои Қуръон ё зикри Аллоҳ таъоло бошад), дар ин сурат бояд дар ҷои муносибе нигоҳ дошта шаванд ё сӯзонда шаванд ё дар замини поке дафн карда шаванд. 

Поёни сухан аз "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Ибни Боз (6/347).

Аммо агар рӯзномаҳо ба забони ғайри арабӣ бошанд ва дар онҳо зикри Аллоҳ набошад, дар ин ҳолат, истифода бурдани онҳо ҳеҷ боке надорад. 

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид