Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Хобидани ҷунуб пеш аз ғусл

30784

Таърихи нашр : 26-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2136

Савол

Оё ҷоиз аст, хоб кунам дар ҳоле, ки ман (аз ҷимоъ) ҷунуб шуда бошам ва дар вақти намози бомдод барои покиза шудан бедор мешавам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, барои ҷунуб ҷоиз аст, ки пеш аз ғусл кардан хоб кунад, сипас пеш аз намози бомдод барои ғусл бедор мешавад.

Далели он ривояти Тирмизӣ (110) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аст, ки фармуд:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳолати ҷанобат хоб мекард ва оберо намерасид.   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Саҳиҳи Тирмизӣ (103) саҳеҳ гуфтааст.

Вале беҳтар ин ки пеш аз хоб вузӯ бигирад, агар ғусл кунад, комилтар аст.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) пурсиданд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоми ҷанобат чӣ гуна амал мекард? Оё пеш аз хобидан ғусл мекард ё пеш аз ғусл кардан хоб менамуд?

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармуд: Ҳамаи онро анҷом медод. Гоҳо ғусл намуда хоб мекард ва гоҳо вузӯ намуда хоб мекард.   Ривояти Муслим (465).

Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: Оё яке аз мо дар ҳолати ҷанобат метавонад, бихобад?

Фармуд: "Бале, агар вузӯ бигирад".   Ривояти Бухорӣ (280), Муслим (462).

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид