Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои зан ҷоиз аст, ки закоти молашро ба шавҳараш бидиҳад, агар шавҳар аз аҳли закот бошад, зеро нафақа (таъмини хӯроку пӯшок ва маскан)-и шавҳар бар зан воҷиб нест ва ҳамчунин дар ривояте омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба зани Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) иҷозат додааст, ки закоти молашро ба шавҳараш Абдуллоҳ бидиҳад.
Фатовои Кумитаи доимӣ 9/253.
Аллоҳ таъоло донотар аст.