Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мусулмон дар баробари коронавирус чӣ кор бояд кунад?

Савол

Дар ин рӯзҳо, ки вируси корона КОВИД-19 паҳн шуда истодааст, иҷро кардани кадом корҳое аз мусулмон талаб карда мешавад? Чи гуна Аллоҳ таъоло ин балоро аз мо мебардорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳар гоҳ балову вабо нозил шавад, муолаҷаву табобати он дар тавба ба сӯи Аллоҳ таъоло, зориву илтиҷо ба cӯи Ӯ, баргардонидани ҳуқуқ ба соҳибонаш, бо ҳамроҳии истиғфори зиёд, тасбеҳ, дуруд бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), офият пурсидан аз Аллоҳ, сабабҳои пешгирӣ ва табобатро риоя кардан, ба монанди карантин, эмкунӣ ва табобати тиббӣ агар ёфт шавад.

1- Тавба ва тазарруъ:

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا إِلَى أُمَمٍ مِنْ قَبْلِكَ فَأَخَذْنَاهُمْ بِالْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ لَعَلَّهُمْ يَتَضَرَّعُونَ * فَلَوْلَا إِذْ جَاءَهُمْ بَأْسُنَا تَضَرَّعُوا وَلَكِنْ قَسَتْ قُلُوبُهُمْ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

 الأنعام/42، 43

}Ҳамоно (эй паёмбар) ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, (паёмбароне) фиристодем, (чун нофармонӣ карданд) пас ононро ба сахтиҳо ва офатҳо дучор сохтем, шояд ки зорӣ ва тазарруъ кунанд. Пас, чаро ҳангоме ки азоби Мо ба онон расид, тазарруъ накарданд? Вале дилҳояшон сахт шудааст ва шайтон он чиро анҷом медоданд, барояшон оростааст{.   (Сураи Анъом: 42-43).

Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар тафсири худ (3/256) фармудааст:

Сухани Аллоҳ таъоло: }Ҳамоно (эй паёмбар) ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, (паёмбароне) фиристодем, (чун нофармонӣ карданд) пас ононро ба сахтиҳо яъне, камабағалӣ ва тангдастӣ дар зиндагӣ ва офатҳо бемориҳо, касалиҳо ва дардҳо дучор сохтем, шояд ки зорӣ ва тазарруъ кунанд{. Яъне: Аллоҳро дуо намоянд ва ба сӯи Ӯ тазаррӯъ ва хушӯъ кунанд.

Аллоҳ таъоло фармудааст: }Пас, чаро ҳангоме ки азоби Мо ба онон расид, тазарруъ накарданд? Яъне: Чаро ҳангоме, ки онҳоро ба бало гирифтор кардем, ба сӯи Мо тазаррӯъ ва мутавассил нашуданд? Вале дилҳояшон сахт шудааст яъне, нарму хошеъ нашуд ва шайтон он чиро яъне, ширку гуноҳонро анҷом медоданд, барояшон оростааст{. Поёни сухан.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

أَوَلَا يَرَوْنَ أَنَّهُمْ يُفْتَنُونَ فِي كُلِّ عَامٍ مَرَّةً أَوْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ لَا يَتُوبُونَ وَلَا هُمْ يَذَّكَّرُونَ

 التوبة/126

}Оё онон намебинанд, ки ҳар сол як ё ду бор озмуда мешаванд? Аммо на тавба мекунанд ва на панд мегиранд{.   (Сураи Тавба: 126).

Бало танҳо ба сабаби гуноҳ нозил мешавад ва танҳо бо тавба аз байн меравад. Чуноне ки Аббос (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар дуои истисқо (талаби борон) гуфтааст.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби Фатҳу-л-борӣ (2/497) гуфтааст: "Зубайр ибни Баккор дар китоби Ал-Ансоб сифати дуоеро, ки Аббос дар ин воқеа хондааст ва вақтеро, ки дар ин воқеа рух додааст, баён кардааст. Бо санади худ ривоят кардааст, ки вақте Умар аз Аббос дархост намуд, то аз Аллоҳ борон биталабад, Аббос дар дуои худ гуфт: Эй Аллоҳ! Бало танҳо ба сабаби гуноҳ нозил шудааст ва танҳо бо тавба аз байн меравад". Поёни сухан.

2- Аммо истиғфор, яке аз сабабҳои тандурустӣ, нерӯ ва зиндагии некӯ аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَأَنِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُمْ مَتَاعًا حَسَنًا إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِي فَضْلٍ فَضْلَهُ

 هود/3

}Ва ин ки аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯи Ӯ тавба кунед, то шуморо ба хайру хубӣ то муддати муайяне баҳраманд созад ва ҳар соҳиби фазлеро ба андозаи фазлаш бахшад{.   (Сураи Ҳуд: 3).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَيَاقَوْمِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ يُرْسِلِ السَّمَاءَ عَلَيْكُمْ مِدْرَارًا وَيَزِدْكُمْ قُوَّةً إِلَى قُوَّتِكُمْ وَلَا تَتَوَلَّوْا مُجْرِمِينَ

 هود/52

}Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯи Ӯ тавба кунед, то борони осмонро паёпай бар шумо фурӯ резад ва неруе бар неруятон биафзояд ва гунаҳкорона рӯй нагардонед{.   (Сураи Ҳуд: 52).

3- Аммо дар мавриди тасбеҳ бошад, Аллоҳ ба мо хабар додааст, ки Ӯ Юнус (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бо воситаи тасбеҳ аз ғаму андӯҳаш наҷот дод ва ишора намуд, ки мӯъминонро низ бо он наҷот хоҳад дод.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَذَا النُّونِ إِذْ ذَهَبَ مُغَاضِبًا فَظَنَّ أَنْ لَنْ نَقْدِرَ عَلَيْهِ فَنَادَى فِي الظُّلُمَاتِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ * فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْغَمِّ وَكَذَلِكَ نُنْجِي الْمُؤْمِنِينَ

الأنبياء / 87 – 88

}Ва Зуннун (Юнус)-ро (ёд кун) он гоҳ, ки хашмгин рафт ва пиндошт, ки Мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Пас, (вақте моҳӣ ӯро фурӯ бурд) дар торикиҳо нидо дод, ки ҳеҷ маъбуде (бар ҳақ) ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ. Ҳамоно, ман аз ситамкорон будам. Пас дуояшро иҷобат кардем ва ӯро аз андуҳ наҷот додем ва мӯъминонро инчунин наҷот медиҳем{.   (Сураи Анбиё: 87-88).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَلَوْلَا أَنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُسَبِّحِينَ * لَلَبِثَ فِي بَطْنِهِ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ

  الصافات /143

}Пас албатта, агар ӯ аз тасбеҳгӯён намебуд, яқинан то рӯзе, ки (мардум) барангехта мешаванд, дар шиками он (моҳӣ) боқӣ мемонд{.   (Сураи Соффот: 143).

Аҳмад (1462) ва Тирмизӣ (3505) аз Саъд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Дуои Зуннун (Юнус), ҳангоме ки дар шиками моҳӣ буд, чунин дуо кард:

لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ

"Ло илоҳа илло анта субҳонака иннӣ кунту мина-з-золимиин".

(Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ. Ҳамоно, ман аз ситамкорон будам).

Марди мусулмоне инро дар амре ба забон намеоварад, магар ин ки Аллоҳ барояш иҷобат мекунад.   Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ибни Масъуд фармудааст: Ҳеҷ паёмбаре аз паёмбарон ғамгин намешуд, магар ин ки бо тасбеҳ ёрӣ мехост". Поёни сухан аз китоби Ал-Ҷавобу-л-кофӣ, саҳ 14.

4- Аммо дуруд бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) яке аз бузургтарин сабабҳои дур шудани ғаму андӯҳ аст.

Аҳмад (21242) ва Тирмизӣ (2457) ва ин лафзи Тирмизӣ аст аз Убай ибни Каъб ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки ду сеяки шаб мегузашт, бармехесту мегуфт: Эй мардум, Аллоҳро зикр кунед, Аллоҳро зикр кунед. Нахустин нафхаи қиёмат (дамидан дар сур) омад, аз паси он нафхаи дуввум меояд, марг бо он чи дар худ дорад, омадааст, марг бо он чи дар худ дорад, омадааст. Убай гуфт: Гуфтам: Эй расулуллоҳ, ман бисёр бар ту дуруд мефиристам, пас  чи миқдоре аз дурудамро (ба ҷои дуое ки барои худ мекунам) барои ту қарор бидиҳам? Гуфт: Ҳар чӣ мехоҳӣ. Гуфтам: Чаҳорякашро. Гуфт: Ҳар чӣ мехоҳӣ, пас агар зиёд намоӣ, бароят беҳтар аст. Гуфтам: Нисфашро. Гуфт: Ҳар чӣ мехоҳӣ, пас агар зиёд намоӣ, бароят беҳтар аст. Гуфтам: Ду сеякашро. Гуфт: Ҳар чӣ мехоҳӣ, пас агар зиёд намоӣ, бароят беҳтар аст.  Гуфтам: Пас ҳамаи дурудамро барои ту қарор медиҳам. (Яъне тамоми вақте, ки барои худ дуо мекардам, ба ҷои ҳамаи он бароят дуруд мефиристам). Гуфт: Дар ин ҳолат ғамат бартараф мегардад ва гуноҳат бахшида мешавад.

Дар лафзи Аҳмад чунин омадааст: Убай ибни Каъб аз падараш ривоят кардааст, ки марде гуфт: Эй расулуллоҳ, агар ҳамаи дурудамро барои ту қарор бидиҳам, чӣ фикр дорӣ? (Яъне агар тамоми вақте, ки барои худ дуо мекардам, ба ҷои ҳамаи он бароят дуруд бифиристам, чӣ фикр дорӣ?) Гуфт: Дар ин ҳолат Аллоҳ ғами дунёву охирататро бартараф мекунад.   Албонӣ ва муҳаққиқони "Муснад" ин ҳадисро ҳасан шуморидаанд.

Ибни Қаййим дар "Ҷилоу-л-афҳом" (саҳ 79) нақл кардааст, ки Шайхулислом Ибни Таймийя оиди тафсири ин ҳадис пурсида шуд, дар ҷавоб гуфт: "Убай ибни Каъб дуое дошт, ки бо он барои худ дуо мекард. Ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Оё аз чаҳор як қисми дуои худро барои ӯ ҳамчун дуруд қарор бидиҳад? Гуфт: Агар зиёд намоӣ, бароят беҳтар аст. Гуфт: Нисфашро. Гуфт: Агар зиёд намоӣ, бароят беҳтар аст. То онҷо, ки гуфт: Ҳамаи дурудамро барои ту қарор медиҳам. Яъне ҳамаи дуои худро барои ӯ ҳамчун дуруд қарор медиҳам. Гуфт: Дар ин ҳолат ғамат бартараф мегардад ва гуноҳат бахшида мешавад. Зеро касе, ки бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) як маротиба дуруд бифиристад, Аллоҳ ба ивази он бар ӯ даҳ маротиба дуруд мефиристад ва Аллоҳ бар касе, ки дуруд бифиристад, ғами ӯро бартараф мекунад ва гуноҳи ӯро мебахшад". Поёни сухан.

5- Аммо пурсидани офият дар субҳу шом машрӯъ аст. Дар ҳангоми интишори вабо муҳимтар ва муаккадатар мегардад.

Аҳмад (4785), Абудовуд (5074) ва Ибни Моҷа (3871) аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят кардаанд, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин дуоҳоро ҳангоми субҳу шом тарк намекард:

اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَافِيَةَ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ، اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَفْوَ وَالْعَافِيَةَ فِي دِينِي وَدُنْيَايَ وَأَهْلِي وَمَالِي، اللهُمَّ اسْتُرْ عَوْرَاتِي، وَآمِنْ رَوْعَاتِي، اللهُمَّ احْفَظْنِي مِنْ بَيْنِ يَدَيَّ، وَمِنْ خَلْفِي، وَعَنْ يَمِينِي، وَعَنْ شِمَالِي، وَمِنْ فَوْقِي، وَأَعُوذُ بِعَظَمَتِكَ أَنْ أُغْتَالَ مِنْ تَحْتِي

"Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ъофията фи-д-дунё ва-л-охирати, аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ъафва ва-л-ъофията фӣ динӣ ва дунёя ва аҳлӣ ва молӣ, аллоҳуммастур ъавротӣ ва омин равъотӣ, аллоҳуммаҳфазнӣ мин байни ядайя ва мин халфӣ ва ъан яминӣ ва ъан шимоли ва мин фавқӣ ва аъузу биъазаматика ан уғтола мин таҳтӣ".

(Эй Аллоҳ, ман аз Ту офиятро дар дунёву охират мепурсам. Эй Аллоҳ, ман аз Ту омурзишу офиятро дар дину дунёям ва хонаводаву молам мепурсам. Эй Аллоҳ, авратҳои маро бипӯш ва тарсҳои маро ба амният иваз бикун. Эй Аллоҳ, маро аз пеши рӯям ва аз пушти сарам ва аз самти росту чапам ва аз самти болоям ҳифз бикун ва ба бузургии Ту паноҳ мебарам, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам. Яъне: Фурӯ рафтан дар замин аст).

Аҳмад (20430) ва Абудовуд (5090) аз Абдурраҳмон ибни Абубакра ривоят кардаанд, ки ӯ ба падараш гуфт: Эй падарам, ман туро ҳар субҳ мешунавам, ки чунин дуо менамоӣ:

 اللَّهُمَّ عَافِنِي فِي بَدَنِي، اللَّهُمَّ عَافِنِي فِي سَمْعِي، اللَّهُمَّ عَافِنِي فِي بَصَرِي، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ 

"Аллоҳумма ъофинӣ фӣ баданӣ, аллоҳумма ъофинӣ фӣ самъӣ, аллоҳумма ъофинӣ фӣ басарӣ, ло илоҳа илло анта".

(Эй Аллоҳ, маро дар баданам офият бахш. Эй Аллоҳ, маро дар шунавоиям офият бахш. Эй Аллоҳ, маро дар биноиям офият бахш. Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Ту нест).

Инро се маротиба ҳар субҳу шом такрор мекунӣ. Ӯ гуфт: Ман аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаам, ки ин дуоҳоро мехонд ва дӯст медорам, ки ба суннати ӯ пайравӣ кунам.

Аз ҷумлаи дуоҳои фоиданок дар ин мақом, дуоҳоест, ки дар ин ҳадисҳо омадааст:

Тирмизӣ аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дуо карда мегуфт:

اللَّهُمَّ مَتِّعْنِي بِسَمْعِي وَبَصَرِي وَاجْعَلْهُمَا الوَارِثَ مِنِّي، وَانْصُرْنِي عَلَى مَنْ يَظْلِمُنِي، وَخُذْ مِنْهُ بِثَأْرِي

"Аллоҳумма маттиънӣ бисамъӣ ва басарӣ ваҷъалҳумо-л-вориса миннӣ, вансурнӣ ъало ман язлимунӣ, ва хуз минҳу бисаърӣ".

(Эй Аллоҳ, маро бо шунавоӣ ва биноиям баҳраманд бигардон ва он дуро аз ман меросбар қарор бидеҳ ва маро бар касе, ки маро зулм менамояд, нусрат бидеҳ ва қасоси маро аз ӯ бигир).

(Ва он дуро аз ман меросбар қарор бидеҳ). Яъне: Ондуро то ҳангоми маргам сиҳату солим нигаҳ дор.

Аҳмад (13004), Абудовуд (1554) ва Насоӣ (5493) аз Анас ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт:

 اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ البَرَصِ، وَالْجُنُونِ، وَالْجُذَامِ، وَمِنْ سَيِّئِ الْأَسْقَامِ  

"Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-бараси ва-л-ҷунуни ва-л-ҷузоми ва мин саййии-л-асқоми".

(Эй Аллоҳ, аз песӣ, девонагӣ, ҷузом (махав) ва аз зишттарин бемориҳо ба Ту паноҳ мебарам).

Аҳмад (528), Абудовуд (5088), Тирмизӣ (3388) ва Ибни Моҷа (3869) аз Усмон ибни Аффон ривоят кардаанд, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: Касе, ки бигӯяд:

بِسْمِ اللَّهِ الَّذِي لَا يَضُرُّ مَعَ اسْمِهِ شَيْءٌ، فِي الْأَرْضِ، وَلَا فِي السَّمَاءِ، وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ 

"Бисмиллоҳи-л-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайун фи-л-арзи ва ло фи-c-caмoи ва ҳува-с-самиъу-л-ъалим".

(Ба номи Аллоҳ, ки бо номи Ӯ чизе дар замин ва осмон

зарар намерасонад ва Ӯ шунавову доност).

се маротиба, то субҳ балои ногаҳонӣ ба ӯ намерасад ва касе, ки онро ҳангоми субҳ се маротиба бигӯяд, то шом балои ногаҳонӣ ба ӯ намерасад.

6- Аммо анҷом додани сабабҳо бошад, ба монанди карантин ва табобат, роҳу равиши паёмбарамон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар он далолат мекунад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба табобат амр карда ва ба пешгирии беморӣ ишора намудааст ва амр кардааст, ки шахси бемор ба назди солим ворид нашавад ва аз сафар кардан ба кишваре, ки дар он тоун рух додааст, манъ кардааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Табобат кунед, зеро Аллоҳ таъоло ҳеҷ дарду бемориеро нагузошт, магар ин, ки табобатеро барои он қарор додааст, ба ҷуз як дард, ки он пирӣ аст.   Аҳмад (17726), соҳибони сунан, Абудовуд (3855), Тирмизӣ (2038) ва Ибни Моҷа (3436) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Касе, ки ҳангоми субҳ ҳафт дона хурмои аҷва бихӯрд, дар он рӯз заҳр ва сеҳр (ҷоду) бар ӯ таъсир намекунад.   Ривояти Бухорӣ (5769) ва Муслим (2057).

Бухорӣ (5771) ва Муслим (2221) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Ҳеҷ касе шутурони бемори худро ба назди шутурони солими дигаре ворид насозад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Агар аз паҳншавии тоун дар сарзамине бохабар шудед, ба онҷо наравед. Ва агар дар сарзамини шумо тоун рух диҳад, аз онҷо хориҷ нашавед.   Ривояти Бухорӣ (5728) ва Муслим (2218).

Аз Аллоҳ таъоло пурсонем, ки бало ва ваборо аз мо дур намояд.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб