Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Умра дар моҳи Раҷаб

Савол

Оё оиди мустаҳаб будани умра дар моҳи Раҷаб фазилати махсусе ворид шудааст?

Хулосаи ҷавоб

Фазилати махсуссе барои умра дар моҳи Раҷаб аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст ва ё дар ин бора аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тарғибу ташвиқе наомадааст. Аммо агар инсон дар моҳи Раҷаб ба умра биравад, бидуни ин ки эътиқод дошта бошад, ки дар он фазилати муайяне вуҷуд дорад, балки аз рӯи тасодуф бошад ва ё ин ки сафар дар ин вақт барояш муяссар гардад, ҳеҷ боке надорад.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Оё оиди фазилати умра дар моҳи Раҷаб ҳадисҳое ворид шудааст?

То ҷое, ки медонем, фазилати махсуссе барои умра дар моҳи Раҷаб аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст ва ё дар ин бора аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тарғибу ташвиқе наомадааст. Балки фазилати махсус барои умра дар моҳи Рамазон ва моҳҳои ҳаҷ, яъне Шаввол, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа собит шудааст.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст, ки ӯ дар моҳи Раҷаб умра карда бошад, балки Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) инро инкор намуда фармудааст: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаргиз дар моҳи Раҷаб умра накардааст».   Ривояти Бухорӣ (1776) ва Муслим (1255).

Дуввум:

Махсус дар моҳи Раҷаб умра намудан чӣ ҳукм дорад?

Он амале, ки баъзе аз мардумон анҷом медиҳанд, яъне махсус дар моҳи Раҷаб умра менамоянд, яке аз бидъатҳо дар дин аст, зеро барои шахси мукаллаф раво нест, ки ибодатеро махсусан дар вақти муайяне анҷом бидиҳад, магар дар ҳолате ки дар Шариат ворид шуда бошад.

Ибни Ал-Аттор шогирди Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар он ду бод) гуфтааст:

Аз ҷумлаи чизҳое, ки аз аҳли Макка - Аллоҳ шарафи онро афзун намояд - ба ман расидааст, ин одати зиёд умра кардан дар моҳи Раҷаб мебошад ва ин аз ҷумлаи амалҳоест, ки асосеро барои он намедонам, балки дар ҳадисе собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст». Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Фатово"-и худ (6/131) гуфтааст:

"Аммо тахсис намудани баъзе аз рӯзҳои Раҷаб ба зиёрат ва ба дигар амалҳо ҳеҷ асосе надорад, чуноне ки Абушома дар китоби "Ал-Бидаъу ва-л-ҳаводис" тақрир намудааст, ки тахсис намудани ибодатҳо ба вақтҳои муайяне, ки Шариат онро муқаррар накардааст, шоиста нест, зеро ҳеҷ вақту замоне бар вақту замони дигаре бартарӣ надорад, магар он ки Шариат онро бо ибодате фазилат дода бошад ва ё анҷом додани тамоми амалҳои некро дар он вақт бар дигар вақтҳо бартарӣ дода бошад. Аз ин рӯ, донишмандон махсус дар моҳи Раҷаб зиёд умра намуданро инкор кардаанд". Поёни сухан.

Аммо агар инсон дар моҳи Раҷаб ба умра биравад, бидуни ин ки эътиқод дошта бошад, ки дар он фазилати муайяне вуҷуд дорад, балки аз рӯи тасодуф бошад ва ё ин ки сафар дар ин вақт барояш муяссар гардад, ҳеҷ боке надорад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб