Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кай рӯза фарз шуд?

Савол

Дар кадом сол рӯза бар мусулмонон фарз карда шуд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯзаи моҳи Рамазон дар соли дуввуми ҳиҷрӣ фарз карда шуд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нӯҳ Рамазонро рӯза гирифтааст.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/250) гуфтааст:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Рамазонро нӯҳ сол рӯза гирифт, зеро он дар моҳи шаъбани соли дуввуми ҳиҷрӣ фарз карда шуда буд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар моҳи рабиъу-л-аввали соли ёздаҳами ҳиҷрӣ вафот кард. Поёни сухан.

   Аллоҳ  донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб