Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Намози таровеҳро пеш аз намози хуфтан хондааст!

Савол

Ба масҷид дертар дохил шудам ва 6 ракъати намози таровеҳ аз ман фавт шуд. Баъди таровеҳ намози хуфтанро хондам. Пас оё бар ман зарур аст, ки шаш ракъати таровеҳро ки аз ман фавт шуд, адо намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Гузоштани намози таровеҳ пеш аз намози хуфтан кори дуруст нест. Шумо метавонистед бо нияти хуфтан ба ҷамоъат ҳамроҳ шавед ва агар имом баъди ду ракъат салом бидиҳад, бархоста ду ракъати боқимондаашро адо мекардед. Намози шаб (қиём) пеш аз хуфтан хонда намешавад, балки баъди хуфтан, пас аз суннати ротибаи хуфтан хонда мешавад. Он намозе, ки пеш аз хуфтан гузоштед, намози нофила ҳисобида мешавад, на намози шаб (қиём).

Шайх Абдулазиз ибни Боз пурсида шуд:

Агар мусулмон ба масҷид ояд ва ҷамоъат намози таровеҳро хонда истода бошанду ва ӯ то ҳол намози хуфтанро нахонда бошад, оё метавонад бо нияти хуфтан, бо ҳамроҳи онҳо намоз бихонад?

Дар ҷавоб гуфт:

Мувофиқи саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон, ҳеҷ боке надорад, ки бо нияти хуфтан, бо ҳамроҳи онҳо намоз бихонад. Пас ҳар гоҳ имом салом бидиҳад, аз ҷои худ бархоста, ду ракъати боқимондаашро комил менамояд.

Зеро дар "Саҳиҳайн" (Саҳиҳ-и Бухорӣ ва Муслим) аз Муоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки ӯ бо ҳамроҳии паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози хуфтанро мехонд, сипас ба назди қавми худ бармегашту, ҳамон намозро ба онон мехонд (ба онон имоматӣ мекард). Ин кори Муозро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) инкор накард. Аз ин хотир, иқтидои фарзхонанда ба нафлгузор ҷоиз аст. (Яъне хуфтане, ки Муоз ба қавмаш имоматӣ мекард, барои ӯ нафл буд, зеро ӯ бо ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хуфтанро адо намуда буд. Аммо барои қавмаш фарз буд, зеро онон пеш аз ин хуфтанро нахонда буданд). Инчунин, дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)  дар баъзе анвои намози хавф ба гурӯҳе ду ракъат намоз гузошта, салом медод ва сипас ба гурӯҳи дигаре боз ду ракъат мехонду салом медод, ки ду ракъати аввалӣ барои ӯ намози фариза буд, аммо ду ракъати баъдӣ барои ӯ нофила буд, аммо барои онон фариза буд. Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

"Маҷмӯу фатово"-и Шайх Ибни Боз (12/181).

Инчунин Шайх Ибни Боз гуфтааст:

Суннат ин аст, ки намози таҳаҷҷуд дар Рамазон ва ғайри Рамазон баъд аз суннати ротибаи хуфтан гузошта шавад, чуноне, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро анҷом медод. Намози таҳаҷҷуд дар масҷид гузошта шавад, ё дар хона, ҳеҷ фарқе байни он вуҷуд надорад.

"Маҷмӯу фатово"-и Шайх Ибни Боз (11/368).

Аммо дар мавриди ракъатҳои намози таровеҳ, ки аз шумо фавт гардид, шумо ихтиёр доред, агар бихоҳед, онҳоро адо менамоед ва агар бихоҳед, онҳоро тарк мекунед. Намози таровеҳ нофила ба ҳисоб меравад, қазои он воҷиб нест, чуноне ки қазои намози панҷагона воҷиб аст.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид