Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Эътикофи зан дар хонааш дуруст нест

Савол

Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар хона эътикоф бинишинад? Чӣ бояд кард, агар ба пухтани хӯрок эҳтиёҷ пайдо шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Эътикоф танҳо дар масҷид дуруст аст, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ   البقرة/187 .

"Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед".   (Сураи Бақара: 187). 

Дар ин масъала мардону занон яксонанд.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" (4/464) гуфтааст:

Зан метавонад дар ҳар масҷиде ба эътикоф бинишинад ва шарт нест, ки дар он масҷид намози ҷамоат баргузор шавад, зеро ҷамоат бар зан воҷиб нест. Шофеӣ низ ҳамин тавр гуфтааст.

Барои ӯ ҷоиз нест, ки дар хонааш эътикоф бинишинад, зеро Аллоҳ таъоло мефрмояд:

 وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ 

"Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед".

Зеро занони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ барои эътикоф дар масҷид иҷоза хостанд ва ӯ низ ба онҳо иҷоза дод. Поёни сухан.

Нававӣ дар "Ал-Маҷмуъ" (6/480) гуфтааст:

Эътикофи марду зан дуруст нест, магар дар масҷид. Поёни сухан.

Ин дидгоҳест, ки Шайх Ибни Усаймин онро дар китоби "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (6/513) ихтиёр кардааст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб