Сешанбе 25 Ҷумода-л-уло 1446 - 26 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои табрикоти фарорасии моҳи Рамазон ҷумлаи муайяне вуҷуд дорад?

Савол

Ҳангоми фарорасии моҳи Рамазон "Ҳар сол дар хайру офият бошед" гуфтан, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои табрикоти  фарорасии моҳи Рамазон  ҷумлаи муайяне вуҷуд надорад, ки мусулмон набояд дигар ҷумларо истифода барад. Аз ин рӯ, табрику таҳният гуфтан бо ҳар ҷумлае, ки дар байни мардум маъмул аст, ҷоиз мебошад, мисли ҷумлаи "Ҳар сол дар хайру офият бошед" ва дигар ҷумлаҳое, ки дар он ягон монеияти шаръӣ набошад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб