Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зане як чанд маротиба умра намудааст, вале мӯи сарашро кӯтоҳ накардааст. Пас ҳукми он чист?

Савол

Ҳукми зане, ки як ё чанд маротиба умра намудааст, вале мӯи сарашро кӯтоҳ накардааст, чист? Баъд аз он, ӯ беш аз як умра анҷом дод ва мӯи сарашро кӯтоҳ кард. Оё ба хотири хатогие, ки дар гузашта рӯй дод, чизе бар ӯ воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе воҷибе аз воҷибҳои ҳаҷ ё умра аз қабили тарошидан ва ё кӯтоҳ кардани мӯи сарро тарк кунад, пас бар асоси дидгоҳи донишмандон бояд фидя бидиҳад, ки дар Макка забҳ карда шавад ва (гӯшти он) ба фақирон тақсим карда шавад.

Аз Шайх Ибни Усаймин пурсиданд: Касе умра кунад, вале аз рӯи фаромӯшӣ ё нодонӣ мӯи сарашро натарошад ва ё кӯтоҳ накунад, ҳукми умрааш чист?

Чунин посух дод:

Умра дуруст аст, гарчанде ки мӯи сарашро натарошида ва ё кӯтоҳ накарда бошад, зеро тарошидан ва ё кӯтоҳ кардани мӯй яке аз рукнҳои умра намебошад, балки аз воҷибҳои он аст. Агар инсон онро аз рӯи фаромӯшӣ тарк кунад, дар ин сурат, ҳар гоҳ ба ёд орад, мӯи сарашро метарошад, ба ҷуз дар ҳолате ки вақти он гузарад. Дар ин сурат, фидяеро дар Макка забҳ мекунад ва гӯшти онро ба фақирон садақа менамояд. Модоме ки ӯ аз рӯи фаромӯшӣ ё нодонӣ тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сарро тарк кардааст, дар ин ҳолат гуноҳе бар ӯ нест. Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/466) 1000.

Ҳамчунин аз ӯ пурсиданд: Марде пас аз анҷом додани тавофу саъй аз умра баромад (яъне аз эҳром хориҷ шуд), вале мӯи сарашро натарошид ва кӯтоҳ накард ва сипас барои ҳаҷ эҳром баст. Чӣ чиз бар ӯ лозим аст?

Чунин посух дод:

Ба назар мерасад, ки ӯ дар таматтуъ боқӣ мемонад, вале ӯ ба хотири тарк намудани тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар бояд фидя бидиҳад. Бар асоси дидгоҳи машҳур дар байни фақеҳон, ки дар ҳангоми тарк намудани фариза фидя лозим аст. Агар сарватманду тавоно бошад, бояд дар Макка фидяеро забҳ кунад ва ҳамаи гӯшти онро ба фақирон тақсим кунад. Агар ба ин кор тавоноӣ надошта бошад, пас дар ин ҳолат, ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб нест. Аммо дар мавриди маносики ҳаҷҷи ӯ бошад, он таматтуъ аст, зеро ин нияти ӯ буд. Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/468) 1004.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб