Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Издивоҷ бо зани ғайримусулмон ба хотири ба даст овардани ҳуқуқи иқомат

3975

Таърихи нашр : 24-05-2022

Мушоҳидаҳо : 1889

Савол

Ман ба хотири ба даст овардани ҳуқуқи иқомат дар кишвар ва гирифтани шиноснома мехоҳам бо як зани кофир издивоҷ бикунам. Оё ҷоиз аст, ки танҳо бо ин мақсад бо ӯ издивоҷ бикунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин саволро ба Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардем, чунин посух дод:

Агар ӯ аз ҷумлаи заноне бошад, ки издивоҷ бо ӯ ҷоиз аст, ҳеҷ боке надорад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Зан барои чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад ... ». Аз ҷумла молро ҳам зикр кардааст. Ин монанди он аст.

Агар бо ӯ ба хотири ба даст овардани иқомат издивоҷ бикунад, ҳеҷ боке надорад, ба шарте, ки пас аз ба даст овардани иқомат нияти талоқи ӯро надошта бошад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин