Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Пур кардани телефони мобилӣ аз барқи Ҳарам

40241

Таърихи нашр : 26-03-2024

Мушоҳидаҳо : 742

Савол

Яке аз занонро дар масҷиди Ҳарам дар Макка дидам, ки телефони мобилиашро аз барқи Ҳарам пур мекард. Оё ин кораш ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои мусулмон беҳтар ва эҳтиётноктар ин аст, ки ин корро накунад ва роҳи тақвову вараъро пеша гирад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Чизе, ки туро ба шак меандозад, раҳо кун ва ба сӯи чизе, ки дар он шак надорӣ, рӯй овар».   Тирмизӣ (2518) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Аз ин рӯ, бояд шахс пеш аз рафтан ба Ҳарам телефони мобилии худро дар хонааш (ба нерӯи барқ) пур намояд, то ба истифодаи барқи Ҳарам эҳтиёҷ пайдо накунад.

Аммо агар мусулмон ба ин кор ниёз дошта бошад, умед аст, ки дар ин кор ҳеҷ боке нахоҳад буд, иншоаллоҳ, агар масъулони Ҳарам онро манъ накунанд. Вале ба андозае, ки ниёз дорад, иктифо варзад ва батареяи телефони мобилии худро зиёд қувват надиҳад, то монеи пур кардани телефонҳои мобилии бародарони мусалмони худ нашавад, шояд онҳо низ мисли ӯ ё бештар аз ӯ ба он ниёз дошта бошанд. 

  Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб