Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Аҳамияти некӣ ба волидайн дар Ислом чист?

Савол

Аҳамияти эҳтироми волидайн дар партави Қуръону ҳадис чӣ гуна аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аҳамияти эҳтироми волидайн:

Аввал:

Эҳтироми волидайн ин итоати Аллоҳ таъоло ва расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳисоб меравад. Аллоҳ фармудааст:

 وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ إِحْسَانًا   

(سورة الأحقاف: 15).

«Ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад».   (Сураи Аҳқоф: 15).

Ҳамчунин Аллоҳ фармудааст:

 وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا   

(سورة الإسراء: 23-24).

«Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, пас ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош ва бигӯ: "Парвардигоро, ҳамон гуна ки маро дар хурдӣ тарбия карданд, (Ту низ) ба онон раҳм кун"».   (Сураи Исро: 23-24).

Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ибни Масъуд ривоят шудааст, ки мегӯяд: Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд, ки кадом амал беҳтар аст? Фармуд: «Имон ба Аллоҳу расули Ӯ ва сипас некӣ ба волидайн». Ғайр аз ин ҳадис, оятҳо ва ҳадисҳои мутавотир дар ин маврид ворид шудаанд.

Дуввум:

Итоати волидайн ва эҳтироми онҳо сабаби ворид шудан ба биҳишт аст, чуноне ки дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Биниаш ба хок молида шавад, боз биниаш ба хок молида шавад ва боз ҳам биниаш ба хок молида шавад». Пурсиданд: Эй расулуллоҳ! Бинии кӣ ба хок молида шавад? Фармуд: «Ба хок молида шавад, бинии он шахсе, ки падару модарашро дар пиронсолӣ дарёбад, яке аз он ду ва ё ҳардуяшонро дар пиронсолӣ дарёбад, вале вориди биҳишт нашавад».   "Саҳиҳ"-и Муслим: 4627.

Саввум:

Эҳтиром ва итоати волидайн сабаби улфат ва муҳаббат мебошад.

Чаҳорум:

Эҳтиром ва итоати волидайн шукру сипос барои онҳост, зеро онҳо сабабгори ба вуҷуд омадани шумо ба ин дунё мебошанд. Ҳамчунин сипосгузорӣ ба хотири тарбия ва парастории шумо дар хурдсолӣ мебошад.

Аллоҳ фармудааст:

 أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ   

 (سورة لقمان: 14).

«(Ва ба инсон супориш кардем) шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, ки бозгашт ба сӯи Ман аст».   (Сураи Луқмон: 14).

Панҷум:

Некӯӣ намудани фарзанд ба волидайни худ сабаб мегардад, ки фарзандонаш дар оянда ба ӯ некӯӣ намоянд. Аллоҳ фармудааст:

 هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ   

(سورة الرحمن: 60).

«Оё подоши некӣ ҷуз некӣ аст?».   (Сураи Раҳмон: 60).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид