Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Духтарро фаришта ё монанди фаришта аст, гуфтан ҷоиз нест, зеро ин монандӣ ба мушриконест, ки фариштагонро зан васф мекарданд.
Аллоҳ таъоло дар васфи онҳо фармудааст:
وَجَعَلُوا الْمَلَائِكَةَ الَّذِينَ هُمْ عِبَادُ الرَّحْمَنِ إِنَاثًا أَشَهِدُوا خَلْقَهُمْ سَتُكْتَبُ شَهَادَتُهُمْ وَيُسْأَلُونَ الزخرف/19
"Ва онҳо фариштагонро, ки бандагони (Аллоҳи) Раҳмон ҳастанд, зан пиндоштанд, оё ба ҳангоми офариниши онҳо (онҷо) ҳозир будаанд? Ба зудӣ гувоҳии онон навишта хоҳад шуд ва (аз он) пурсида мешаванд". (Сураи Зухруф: 19).
Шайх Бакр ибни Абдуллоҳ Абузайд (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) гуфтааст:
Аммо дар мавриди номгузории занон бо номҳои фариштагон, ин ба назар мерасад, ки ин ҳаром аст, зеро дар он монандӣ ба мушрикон аст, ки фариштагонро духтарони Аллоҳ меҳисобиданд. Аллоҳ аз он суханоне, ки мегӯянд, пок аст. Чизе, ки ба ин наздик аст, ба духтар Малаак, Малака, Малак ном ниҳодан. Поёни сухан.
"Мӯъҷаму-л-маноҳи-л-лафзия" саҳ: 565.
Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди гузоштани номи Малаак пурсида шуд, пас онро манъ кард. "Маҷмӯу Фатово"-и Шайх Ибни Усаймин (3/67).
Истифодаи чунин калимаҳо дар шеър барои тавсифи духтар кори мункар аст, хусусан агар шеър, шеъру ғазали муҳаббати ҳаром бошад.
Фариштагон бандагони гиромӣ ҳастанд, ҳар чӣ Аллоҳ амр намояд, нофармонӣ намекунанд ва ба ҳар чи амр карда шаванд, анҷом медиҳанд.
Бояд онҳо аз ин гуна монандсозиҳову шабеҳсозӣ пок дониста шаванд.
Аллоҳ донотар аст.