Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё дуои рӯзи Арафа барои ғайри ҳоҷӣ низ фазилате дорад?

Савол

Оё дуои рӯзи Арафа барои ғайри ҳоҷӣ низ фазилате дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳеҷ рӯзе нест, ки Аллоҳ дар он рӯз, бештар аз рӯзи Арафа бандаеро аз дӯзах озод кунад ва Ӯ ба онон наздик мешавад, сипас бо онҳо дар назди фариштагон ифтихор мекунад ва мегӯяд: Инҳо чӣ мехоҳанд?"   Ривояти Муслим (1348).

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Беҳтарин дуо, дуои рӯзи Арафа аст ва беҳтарин сухане, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаанд, ин аст:

لا إلهَ إلاَّ الله وحْدهُ لاَ شَرِيكَ لهُ، لَهُ المُلْكُ، ولَهُ الحمْدُ، وَهُو عَلَى كُلِّ شَيءٍ قَدِيرٌ

"Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир".

(Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ шарике надорад. Мулку ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност).   Ривояти Тирмизӣ (3585). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тарғиб" (1536) ҳасан донистааст.

Аз Талҳа ибни Убайд ибни Курайз ба тарзи мурсал ривоят шудааст: "Беҳтарин дуо, дуои рӯзи Арафа аст".   Ривояти Молик дар "Муваттаъ" (500). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (1102) ҳасан донистааст.

Донишмандон дар ин маврид ихтилоф кардаанд, ки оё фазилати дуои рӯзи Арафа хос барои касоне, ки дар Арафа қарор доранд, ё дигар маконҳоро низ дарбар мегирад. Саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки ин ом аст ва он фазилат ба рӯзи Арафа мутааллиқ аст. Шакке нест, ки касе ки дар Арафа қарор дорад, фазилати макон ва ҳам фазилати замонро ҷамъ намудааст.

Боҷӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ин сухани паёмбар: "Беҳтарин дуо, дуои рӯзи Арафа аст". Яъне: Бобаракаттарин зикр ва бузургтарини он аз рӯи савоб ва наздиктарини он ба иҷобат. Эҳтимол дорад, ки мақсад аз он танҳо ҳоҷӣ бошад (шахсе, ки дар ҳаҷ бошад), зеро маънои дуои рӯзи Арафа дар ҳаққи ӯ саҳеҳ аст ва махсуси ӯст. Васфи ин рӯз ба рӯзи Арафа ба хотири амалҳои ҳоҷӣ аст, ки дар он иҷро мекунад. Аллоҳ донотар аст". Поёни сухан.

"Алмунтақо шарҳу-л-муваттаъ" (1/358).

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Қозӣ гуфтааст: "Таъриф" бегоҳи рӯзи Арафа дар шаҳрҳо (яъне дар ғайри Арафа) ишколе надорад. Асрам гуфтааст: Аз Абуабдуллоҳ (яъне Имом Аҳмад) оиди таъриф дар шаҳрҳо пурсидам, ки дар рӯзи Арафа дар масҷидҳо ҷамъ мешаванд. Гуфт: "Умедворам, ки ишколе надошта бошад, зеро якчанд нафар онро анҷом додаанд". Асрам аз Ҳасан ривоят кардааст, ки ӯ гуфт: Аввалин касе, ки дар Басра таъриф намуд, Ибни Аббос  (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Имом Аҳмад гуфтааст: "Аввалин касе, ки онро анҷом дод, Ибни Аббос ва Амр ибни Ҳурайс мебошанд".

Аз баъзе гузаштагон собит шудааст, ки онҳо ба "таъриф" иҷозат додаанд. Он дар рӯзи Арафа барои дуо ва зикри Аллоҳ дар масҷидҳо ҷамъ шудан мебошад. Аз ҷумлаи касоне, ки ин амалро анҷом додаанд, Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аст. Имом Аҳмад низ ба он иҷозат додааст, гарчанде ки худ онро иҷро намекард.

Ҳасан, Бакр, Собит ва Муҳаммад ибни Восеъ гуфтаанд: Онҳо дар рӯзи Арафа ба масҷидҳо мерафтанд. Аҳмад гуфтааст: Ин амал ишколе надорад, чунки ин дуо ва зикри Аллоҳ аст. Ба ӯ гуфта шуд: Ту онро анҷом медиҳӣ? Гуфт: Аммо ман, на. Аз Яҳё ибни Маъин ривоят шудааст, ки ӯ бо мардум дар бегоҳи рӯзи Арафа ҳозир мешуд. Поёни сухан.

"Ал-Муғнӣ" (2/129).

Ин далолат мекунад, ки онҳо фазилати рӯзи Арафаро танҳо хос ба ҳоҷиён намедонистанд, гарчанде, ки ҷамъ шудан дар масҷидҳо дар рӯзи Арафа барои зикру дуо аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашуда бошад ҳам. Аз ин хотир, Имом Аҳмад онро анҷом намедод, вале ба он иҷозат медод ва онро манъ намекард, зеро он аз баъзе саҳобагон, ба монанди Ибни Аббос, Амр ибни Ҳурайс (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ворид шудааст.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб