Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё ҷин инсонеро рабуда метавонад?

7871

Таърихи нашр : 26-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1472

Савол

Дар бораи одамрабоии ҷинҳо қиссаҳои зиёдеро шунидаам. Қиссаеро хондаам, ки мазмунаш чунин аст, марде аз ансор (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба намози хуфтан мебарояд, ҷинҳо ӯро ба асирӣ мегиранд ва солҳо гум мешавад. Оё ин имконпазир аст, яъне одамрабоии ҷинҳо?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Оиди имконпазирӣ, ин чиз имконпазир аст, аммо хеле кам. Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) ба ин савол чунин посух додааст:

Ин имконпазир аст. Ба ҳама маълум аст, ки ҳангоме ки Саъд ибни Убода ба сӯрохие, ки дар он манзили ҷинҳо буд, пешоб кард, ҷинҳо ӯро куштанд ва гуфтанд:

Мо пешвои Хазраҷ Саъд ибни Убодаро куштем. Ӯро бо тире задем ва дилашро хато накардем.

Дар замони Умар ҷинҳо мардеро рабуданд ва чаҳор сол дар назди онҳо боқӣ монд. Сипас (ба хонааш) баргашт ва гуфт, ки ҷинҳои мушрик ӯро рабуданд ва дар назди онҳо ҳамчун асир боқӣ монд. Сипас ҷинҳои мусулмон бо онҳо ҷанг карданд ва онҳоро шикаст доданд ва ӯро ба назди хонаводааш бозгардонданд. Ин қисса дар китоби "Манору-с-сабил" ва дигар китобҳо зикр шудааст.

(Ниг: "Манору-с-сабил" 2/88. Қиссаи марди рабудашударо Байҳақӣ (7/445-446) ривоят кардааст ва санади онро Албонӣ дар "Ал-Ирво" 6/150, дар зери шумораи 1709 саҳеҳ донистааст).

Сарчашма: Абдуллоҳ ибни Ҷибрин