Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё дуруст аст, ки қиёмат дар рӯзи ҷумъаи 10-уми Муҳаррам барпо мешавад?

8398

Таърихи нашр : 29-07-2023

Мушоҳидаҳо : 1475

Савол

Ба ман гуфтанд, ки қиёмат дар рӯзи ҷумъаи 10-уми муҳаррам барпо мешавад. Саволи ман ин аст, ки рӯзи ҷумъа дар Арабистони Саудӣ метавонад дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи дигаре бошад. Ба ин тартиб, рӯзи 10-уми Муҳаррам мутафовит аст. (Яъне рӯзи 10-уми Муҳаррам дар тамоми дунё дар як вақт нест). Роҳи ҳалли ин мушкилӣ чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳар касе, ки санаи муайяни қиёматро бигӯяд, ӯ тӯҳматгару дурӯғгӯй аст. Барпо шудани қиёмат ин ҳамон соъат (қиёмат) аст, ки Аллоҳ таъоло оиди он фармудааст:

يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِندَ رَبِّي لَا يُجَلِّيهَا لِوَقْتِهَا إِلَّا هُوَ

سورة الأعراف: ١٨٧

«Аз ту дар бораи қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт рух медиҳад? Бигӯ: "Илми он танҳо назди Парвардигори ман аст ва ҳеҷ кас ҷуз Ӯ наметавонад онро дар вақти муайянаш ошкор созад"».   (Сураи Аъроф: 187).

Аммо агар рӯзи қиёмат дар ҳамон вақте, ки Аллоҳ медонад, ки он рӯзи ҷумъа аст, фаро расад, низоми ин олам, аз ҷумла шабу рӯз, офтобу моҳ ва ситораҳо тағйир меёбад. Мо намедонем, ки Амрико дар он вақт вуҷуд хоҳад дошт ё на, зеро Аллоҳ таъоло қодир аст ҳар қавмеро, ки бихоҳад, пеш аз рӯзи қиёмат нобуд созад. Аллоҳ бар ҳар кор қодир аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид