Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ ният дошт, ки ба писараш як номеро гузорад, оё агар ин номро тағйир бидиҳад, бар ӯ ягон чизе воҷиб мешавад?

9142

Таърихи нашр : 10-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1203

Савол

Бародарам фарзанддор шуд. Пеш аз таваллуд шуданаш ният дошт, ки ӯро Абдулматин ном гузорад. Лекин пас аз таваллуд, падарам ғазабнок шуд ва аз ӯ дархост намуд, ки ба навзод номи дигаре гузорад. Чӣ коре анҷом диҳад? Ман шунидаам, ки агар чизеро ният бикунӣ ва онро анҷом надиҳӣ, дар ин ҳолат бар ту воҷиб аст, ки се рӯз рӯза бигирӣ, ё мискинонро ба муддати якчанд рӯз таом бидиҳӣ.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Нияте, ки дар дохили нафс аст, қасам ё назр намебошад. Бинобар ин, агар бародарат ба хотири розигӣ ва эҳтироми падар, писарашро бо номи дигари некӯе номгузорӣ кунад, бар ӯ ҳеҷ чизе (каффорате) воҷиб намегардад

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб