Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар дар ин кор фиребу дурӯғ ва хиёнат вуҷуд дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Бар шумо ҳаром аст, ки ба ӯ фактураеро бидиҳед, ки аз арзиши харидааш бештар ва аз маблағи пардохткардааш зиёдтар бошад, то бар асоси он фактура аз давлат ё ягон ниҳоди дигар пул бигирад. Ин фиребу дурӯғ ва хиёнат аст ва (ин амал) ҷоиз намебошад.
Аллоҳ донотар аст.