Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё бо марди соҳибдин, вале камбағал издивоҷ намояд?

93543

Таърихи нашр : 26-08-2021

Мушоҳидаҳо : 2985

Савол

Ман як мусулмонзани талоқшуда, ки ба синни 50 расидаам. Ман бо як марди нафақахӯри 54 сола ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст, шинос шудам. Он чизе ки маро ба ӯ ҷалб намуд ва муҳаббати ӯро дар қалбам ҷой намуд, ин диндорӣ ва парҳезгории ӯ бо вуҷуди камбағалиаш мебошад. Азбаски ман низ як зани диндору парҳезгор ва худотарс ҳастам, мехоҳам иффати худро муҳофизат кунам ва бо вуҷуди камбағалиаш бо ӯ издивоҷ намоям. Вале эҳсос кардам, ки модарам ӯро намехоҳад, чунки ӯ камбағал аст. Оё агар ман бо ӯ издивоҷ намоям, гунаҳкор мешавам? Оё агар ман ба шавҳарам нафақа кунам, аҷру савоб мегирам? Маҳри ман як ангуштарии оддии тилло хоҳад буд, зеро ман пулдӯст нестам ва мехоҳам, ки амали хайрро ба хотири Аллоҳ таъоло анҷом бидиҳам. Лутфан таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ман 20 сол мешавад, ки аз шавҳарам ҷудо шудаам ва издивоҷ карданро ба хотири тарбияи духтарам рад мекардам, ҳоло ӯ 20-сола шудааст. Ҳамчунин падари азизамро то дами маргаш нигоҳубин мекардам, Аллоҳ ӯ ва тамоми мусулмононро раҳмат намояд ва ӯ аз ман розӣ буд. Ҳоло ман эҳсос мекунам, ки ба шавҳар эҳтиёҷ дорам. Лутфан ба ман посух бидиҳед, Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар аз дин ва ахлоқи мард розӣ бошед, агарчи камбағал аст, издивоҷ бо ӯ ҳеҷ боке надорад, зеро Тирмизӣ (1084) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Агар назди шумо шахсе ба хостгорӣ ояд, ки аз дину ахлоқаш розӣ бошед, пас духтаратонро бо ӯ хонадор намоед. Агар чунин накардед, дар рӯи замин фитнаву фасоди бузурге хоҳад шуд».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби “Саҳиҳу-т-тирмизӣ" ҳасан донистааст.

Ҳеҷ боке нест, ки ӯ аз моли шумо бо розигиятон бигирад ва барои шумо дар нафақа ва накӯӣ намудан ба ӯ аҷру савоб дода мешавад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَإِنْ طِبْنَ لَكُمْ عَنْ شَيْءٍ مِنْهُ نَفْسًا فَكُلُوهُ هَنِيئًا مَرِيئًا   

النساء/4 .

«Ва агар онон (занон) бо ризояти хотир чизе аз маҳрро ба шумо бахшиданд, онро хушу гуворо бихӯред».   (Сураи Нисо: 4).

Камбағалӣ айб нест, мол меояду меравад ва камбағал метавонад сарватманд гардад. 

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَأَنْكِحُوا الْأَيَامَى مِنْكُمْ وَالصَّالِحِينَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَإِمَائِكُمْ إِنْ يَكُونُوا فُقَرَاءَ يُغْنِهِمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ 

  النور/32 .

«Мардону занони муҷаррад ва ғуломону канизони солеҳи худро ҳамсар бидиҳед (оиладор кунед). Агар камбағал бошанд, Аллоҳ ононро аз карами худ сарватманду бениёз мегардонад ва Аллоҳ кушоишдиҳанда ва доност».   (Сураи Нур: 32).

Бояд модари худро қаноатманд созед ва барояш баён намоед, ки меъёри асосӣ мол нест, балки парҳезгориву корҳои накӯ мебошад.

Агар модар бар фикри худ исрор намояд, вале шумо фикр кунед, ки бо он мард издивоҷ мекунед, гунаҳкор намешавед. Барои дурустии никоҳ розигии валӣ шарт мебошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Никоҳ бе валӣ дуруст намегардад».   Абудовуд (2085), Тирмизӣ (1101) ва Ибни Моҷа (1881) аз Абумусои Ашъарӣ ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар “Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Валии зан чунин тартиб дорад: Падар, пас писар, пасон бародар, сипас бародарзода, баъд амак, пас писари амак, мувофиқи тартиби асаба ба монанди мерос. Агар зан валӣ надошта бошад, қозӣ ӯро хонадор мекунад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Агар ихтилоф намоянд, пас ҳоким валии касест, ки валӣ надорад».   Ривояти Аҳмад (24417), Абудовуд (2083) ва Тирмизӣ (1102). Албонӣ ин ҳадисро дар “Саҳиҳу-л-ҷомиъ” зери шумораи (2709) саҳеҳ донистааст.

Саъю кӯшиши зан барои издивоҷ ва сабук гардонидани маҳри худ бар камоли ақл ва фикру андешаи хуби ӯ далолат мекунад.

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки умуратонро осон гардонад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб