Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Қироати Қуръон дар вақти кор

9374

Таърихи нашр : 07-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1579

Савол

Ман корманд ҳастам ва дар ҷои кор дар вақтҳои холӣ Қуръон мехонам, вале раис маро аз ин кор манъ карда гуфт, ки ин вақти кор аст, на вақти қироати Қуръон. Ҳукми ин чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар кор надошта бошед, пас дар ин ҳолат, Қуръон хондан ва ҳамчунин тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳлил (ло илоҳа иллаллоҳ) гуфтан ва зикр кардан ҳеҷ ишколе надорад. Ин (амалҳо) аз хомӯш истодан беҳтар аст. Аммо агар қироати Қуръон шуморо аз анҷоми коре, ки марбут ба коратон аст, боздорад, пас дар ин ҳолат, ин амал бароятон ҷоиз нест, зеро ин вақт махсус барои кор ҷудо карда шудааст, аз ин рӯ, бароятон ҷоиз нест, ки бо амале машғул бошед, ки шуморо аз анҷоми коратон боздорад.

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҷилди/8, саҳ/361