Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ ба балоғат расид, аммо дар моҳи Рамазон рӯза надошт

Савол

Ман духтари шонздаҳсола ҳастам. Ҳайз (одати моҳона) дар синни сенздаҳсолагӣ шурӯъ шуд, аммо ман дар он сол Рамазонро бо пуррагӣ рӯза нагирифтам. Ман танҳо ҳафт рӯзи онро рӯза гирифтам ва падару модарам маро ба рӯза гирифтан маҷбур накарданд, зеро онҳо гумон мекарданд, ки ман мукаллаф нестам. Оё рӯзҳое ки онро аз даст додаам (ва дар он рӯзҳо рӯза нагирифтаам) рӯза бигирам, ё чӣ коре бояд анҷом бидиҳам? Лутфан маро роҳнамоӣ кунед, Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ба ҳар ҳол, шумо модоме ки ба балоғат расидаед, бояд рӯза бигиред. Нишонаҳои балоғат нисбати духтарон инҳоянд: Ҳайз ё сабзидани мӯй дар зери ноф ё эҳтилом (баромадани нутфа дар хоб) ё ҳамл. Ҳайз яке аз нишонаҳои балоғат аст. Бинобар ин шумо ба балоғат расидаед ва мукаллаф ҳастед. Аз ин рӯ, бояд дар Рамазон рӯза бигиред. Ба ҳар ҳол, бар шумо қазои рӯзаи моҳе ки рӯзаи онро анҷом надодаед, воҷиб мебошад. Ва он аз зиммаи шумо соқит намегардад, магар дар ҳолате ки қазои онро анҷом бидиҳед ва тавба бикунед, зеро шумо ҳангоме ки рӯза нагирифтед, мукаллаф будед. Хонаводаи шумо хато кардаанд, чунки онҳо нисбати шумо нармии бемаврид намудаанд (ва шуморо ба рӯза гирифтан амр накардаанд). Шумо хурдсол ҳисобида намешавед ва бояд аз ин кӯтоҳӣ тавба намоед. Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Аз фатовои Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳумайд, саҳ 176