Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Манзур аз ҳадисе, ки онро ду шайх ривоят кардаанд

95884

Таърихи нашр : 11-07-2024

Мушоҳидаҳо : 551

Савол

Манзур аз ибораи "Ду шайх ин ҳадисро ривоят кардаанд" чист? Онҳо кистанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Манзур аз "ду шайх" Имом Бухорӣ ва Имом Муслим (раҳмати Аллоҳ бар он ду бод) аст. 

Бухорӣ: Ӯ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ аст, ки дар соли 256-и ҳиҷрӣ вафот кардааст. Ӯ китобе дорад, бо номи "Саҳиҳу-л-бухорӣ", ки дар он теъдоде аз аҳодиси саҳеҳи паёмбарамон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро гирдоварӣ намудааст.

Муслим: Ӯ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ аст, ки дар соли 261-и ҳиҷрӣ вафот кардааст ва ӯ муаллифи "Саҳиҳи Муслим" аст.

Агар дар мавриди ҳадисе гуфта шавад, ки "онро ду шайх ривоят кардаанд", манзур ин аст, ки Бухорӣ ва Муслим онро дар китобҳои "Саҳиҳ"-и худ ривоят кардаанд. Агар "муттафақун алайҳ" гуфта шавад, яъне Бухорӣ ва Муслим дар ривояти он иттифоқ кардаанд.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар муқаддимаи китоби "Шарҳи Муслим" (1/14) гуфтааст:

"Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) иттифоқ кардаанд, ки саҳеҳтарин китоб пас аз Қуръони карим "Саҳиҳайн", яъне "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аст. Уммат ин ду китобро пазируфтаанд. Китоби Бухорӣ саҳеҳтарин ва судмандтарини он дуст". Поёни сухан.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб