Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ӯ метавонад дар ширкати худ тӯҳфаҳоеро ҳамчун нишонаи иди мавлуди Исо гузорад?

96811

Таърихи нашр : 01-01-2024

Мушоҳидаҳо : 658

Савол

Ман дар як кишвари ғайриисломӣ кор мекунам ва ман ширкате дорам, ки дар он мардуми ғайримусулмон кор мекунанд. Оё ман ҳақ дорам, ки туҳфаҳо бихарам, то дар ширкат ҳамчун рамзи иди мавлуди Исо ва ҳамчун нишонаи иштироки ман бо онҳо гузорам ё ин ҳаром аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Иштирок дар идҳои мавлуди Исо бо тақдими тӯҳфаҳо, истироҳат аз кор, гузоштани ороишҳо ва амсоли инҳо ҷоиз нест. Ҳамчунин табрику таҳният намудан ба ин идҳо ҷоиз нест, зеро онҳо идҳои нав эҷодшудаи ҳаром буда, ба ақидаҳои фосид иртибот доранд. Илова бар ин, таҷлил кардани онҳо тақлиду монандӣ ба насрониҳо аст ва ин қатъиян ҳаром аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».   Ривояти Абудовуд (4031). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ирвоу-л-ғалил" (5/109) саҳеҳ донистааст.

Лутфан ба саволи рақами (947 ) руҷӯъ кунед.   

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб