Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Бале, садақа додан дар вақти ниёз ва гуруснагии шадид беҳтар аз умраи нофила аст, зеро фоидаи умра ба анҷомдиҳандааш маҳдуд аст, дар ҳоле, ки фоидаи садақа ба мискинону гуруснагон мутааддӣ (гузаро, номаҳдуд) аст. Ҳар амале, ки фоидааш мутааддӣ (гузаро, номаҳдуд) аст, беҳтар аст аз амале, ки фоидааш маҳдуд аст. Ин ба маънои умумӣ аст ва ба тамоми мусулмонони камбағал, дар ҳама гӯшаву канори дунё дахл дорад, вале камбағалоне, ки дар кишвари ӯ зиндагӣ мекунанд, нисбат ба онҳое, ки дар берунанд, (ба садақа) сазовортаранд. Аллоҳ донотар аст".
"Ал-Мунтақо мин фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (2 / 333).