Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, намозашро қатъ намуда мор ё каждумро мекушад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Он ду сиёҳ, яъне мор ва каждумро дар намоз бикушед». Аҳли Сунан (Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷа) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Ибни Ҳиббон ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.
Ва агар дар даруни намоз куштани он бе амали зиёдатӣ имконпазир бошад, ҳеҷ боке надорад ва намозаш дуруст аст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.