Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Додани закот ба хешовандон

Таърихи нашр : 01-05-2020

Мушоҳидаҳо : 4985

Савол

Оё додани закот ба хешовандони фақиру мӯҳтоҷ, ба монанди бародару хоҳар ва амаку амма ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Додани закот ба хешовандоне, ки онҳо аз аҳли закотанд, беҳтар аст аз додани он ба бегонагон. Зеро садақа ба хешованд, садақа ва ҳам силаи раҳм ба ҳисоб меравад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

"Ҳароина садақа ба мискин танҳо садақа аст, садақа ба хешованд бошад, садақа ва силаи раҳм мебошад".   Ривояти Насоӣ (2581) ва Тирмизӣ (658). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳи Насоӣ" (2420) саҳеҳ хондааст.

Аммо агар он хешовандон аз ҷумлаи касоне бошанд, ки нафақаашон бар ту воҷиб аст, вале ту ба хотири зиёда напардохтан закоти молатро ба онҳо бидиҳӣ, ин кор ҷоиз нест.

Аммо агар молат барои нафақаи онҳо кофӣ набошад, дар ин ҳолат метавонӣ закотатро ба онҳо бидиҳӣ. Инчунин агар онҳо аз мардум қарз гирифта бошанд, аз закотат қарзҳои онҳоро адо намоӣ, ҳеҷ боке надорад. Зеро бар хешованд зарур нест, ки қарзи хешованди худро адо намояд, аз ин рӯ пардохти қарз аз закот ҷоиз аст. Ҳатто агар қарздор писар ё падари ту бошад ва қарзашро дода натавонад, бароят ҷоиз аст, ки онро аз закотат пардохт намоӣ.

Аз фатвои Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) "Фатовои Шайх Муҳаммад ибни Солеҳи Усаймин" (1/461).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб