Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё намози харомхӯр қабул мешавад?

10191

Таърихи нашр : 01-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1499

Савол

Оё дуруст аст, ки агар хӯроки ҳаром бихӯрӣ, то чиҳил рӯз намозат қабул намешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар таоми ҳаром бихӯрӣ, дар рад шудани дуои худ сабаб шудаӣ (яъне дуоят қабул намешавад), аз ин рӯ, дар ҳадиси қудсӣ омадааст:

«Ва аз ҳаром ғизо гирифтааст, пас чи гуна дуои чунин шахсе пазируфта мешавад?». 

Ин ба он маъност, ки аз эҳтимол дур аст, ки дуояш қабул шавад. Аммо намозаш, ки аз дуо ва дигар ибодатҳо иборат аст, пазируфта мешавад. Ба ин маъност, ки намозаш кофӣ буда, аз зиммаи ӯ соқит мегардад ва ба ӯ дастур дода намешавад, ки онро бори дигар такроран бихонад. Дар ривояте омодааст, ки касе шароб бинӯшад, Аллоҳ намози чиҳил рӯзаашро қабул намекунад.

Сарчашма: Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр