Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми намози духтари хурдсол бе рӯсарӣ

Савол

Намози духтари хурдсол бе рӯсарӣ чӣ ҳукме дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар ба балоғат нарасида бошад, намозаш дуруст аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аллоҳ намози зани болиғро бидуни рӯсарӣ қабул намекунад». Ин ҳадис далолат мекунад, ки духтаре, ки ҳанӯз ҳайз нашудааст, яъне духтаре, ки ба балоғат нарасидааст, барояш ҳеҷ боке нест, ки бидуни рӯсарӣ намоз бихонад. Аммо агар духтар ҳафтсола ва ё аз ҳафтсола боло бошад, барояш беҳтар ва комилтар аст, ки бо рӯсарӣ намоз бихонад. Аммо касе, ки аз ҳафтсола хурд бошад, хоҳ писар бошад ва ё духтар, аҳли намоз нест, (яъне намоз бар ӯ фарз нест), зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳангоме ки фарзандонатон ба ҳафтсолагӣ расиданд, онҳоро ба намоз хондан амр намоед. Чун ба даҳсолагӣ расиданду намоз нахонданд, онҳоро бизанед ва (дар даҳсолагӣ) ҷои хоби ононро аз ҳамдигар ҷудо кунед». Поёни сухан.

 "Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (29/200). 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб