Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Марде, ки дар бонки рибавӣ кор мекунад, ба ӯ хостгор шуд.

Савол

Марди намозхон ва хушахлоқ ба ман хостгор шуд, ки тамоми хислатҳояш хуб аст, вале ӯ дар бонки рибавӣ дар вазифаи мудири шӯъбаи ҳисобдорӣ кор мекунад. Ман истихора намудам, вале барои қабул ва ё рад намудани ӯ посухи шуморо интизор ҳастам, зеро ман метарсам, ки дар оянда барои ману фарзандонам ҳаром шавад. Хоҳишмандам, агар дар ин мавзӯъ тавзеҳоти бештар бошад, онро ба ман таълим бидиҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Кор кардан дар бонкҳои рибавӣ мутлақан ҷоиз нест, на дар шӯъбаи ҳисобдорӣ ва на дар дигар бахшҳо, зеро ин кор кӯмак ба гуноҳу маъсият ба ҳисоб меравад. Кор кардан дар бахши навиштан ё ҳисоб кардани рибо сахттар ва бузургтар аст, зеро Муслим (1598) аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, нависанда ва шоҳидони онро лаънат кардааст. Ва фармуд: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».

Моле, ки аз ин кор ба даст меояд, ҳаром аст, аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки ин хостгорро рад кунед, зеро агар шумо ӯро қабул намоед, ин маънои онро дорад, ки шумо розиед, ки хӯроку нӯшокӣ ва нафақаи шумо аз моли ҳаром бошад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Эй мардум! Аллоҳ пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Аллоҳ ба мӯъминон ҳамон дастуреро додааст, ки ба паёмбарон дода буд.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِن الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ

سورة المؤمنون: ٥١

«Эй паёмбарон, аз неъматҳои покиза бихӯред ва корҳои шоиста анҷом бидиҳед. Ҳамоно, Ман ба он чи мекунед, огоҳам».   (Сураи Мӯъминун: 51).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ

سورة البقرة: ١٧٢

«Эй мӯъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред».   (Сураи Бақара: 172).

Сипас (паёмбар) мардеро зикр кард, ки сафари тӯлонӣ карда ва жӯлидамӯй (парешонмӯ) ва гардолуд аст, дастонашро ба сўйи осмон бардошта мегӯяд: Парвардигоро! Парвардигоро! Дар ҳоле, ки таому нӯшокӣ ва либосаш аз моли ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас чи гуна дуои чунин шахсе пазируфта мешавад?"   Ривояти Муслим (1015).

Ибни Раҷаб (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Хӯрдану нӯшидани ҳалол, пӯшидани либоси ҳалол ва аз таомҳои ҳалол ғизо гирифтан сабаби қабулшавии дуост". Поёни сухан.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар ҷасаде, ки аз ҳаром рушд кардааст, оташи дӯзах бар он шоистатар аст».   Ин ҳадисро Табаронӣ ва Абунаим аз Абубакр ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (4519) саҳеҳ донистааст.

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки шавҳари солеҳ ва ризқи ҳалоли бобаракатро насиби шумо гардонад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб