Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Баҷо овардани намози ид дар майдони варзишӣ

Савол

Мо донишҷӯёни донишгоҳ ҳастем ва барои баргузории намози идайн ва истисқо намозгоҳе надорем. Дар тӯли чаҳор сол, мо ин намозҳоро дар майдони варзишии факулта мехонем. Он кушода ва бар замини он нейлон фарш карда шудааст. Ҳукми ин намозҳо дар макони зикршуда чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Намоз хондани шумо дар он макони мазкур ҳеҷ боке надорад. Чизҳое, ки дар он ҷо рух медиҳанд, чуноне ки зикр кардед, монеи баргузор намудани намози иду истисқо нест, модоме ки пок бошад ва наҷосате дар он вуҷуд надошта бошад. Агар макони алоҳидаи аз ин беҳтареро пайдо кунед, беҳтару хубтар аст. Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Сарчашма: Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолотун мутанаввиа"-и Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (Ҷ/13. Саҳ/10)