Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Машрӯияти дуруд бар фариштагон

105330

Таърихи нашр : 07-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1614

Савол

Оё дуруд гуфтан бар фариштагон ба хотири фазилат ва мақоми баландашон ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дуруд бар фариштагон машрӯъ аст, мегӯӣ: "Алайҳиму-с-салоту ва-с-салом" (дуруду паём бар онҳо бод) ва "алайҳиму-с-салом" (дуруд бар онҳо бод). Зеро онҳо бандагони гиромӣ ва махлуқе аз махлуқҳои Аллоҳ ҳастанд, ки Ӯ ба онҳо нисбати дигарон мартабаи бартаре бахшидааст, чуноне ки Аллоҳ таъоло дар ҳаққи онҳо фармудааст:

بَلْ عِبَادٌ مُّكْرَمُونَ

سورة الأنبياء: ٢٦

«Балки онҳо (фариштагон) бандагони гиромӣ ҳастанд».   (Сураи Анбиё: 26).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَ ❁ كِرَامًا كَاتِبِينَ

سورة الإنفطار: ١١ - ١٢

 «Албатта бар шумо нигаҳбононе (фариштагоне) вобаста шудаанд, ки нависандагони бузургвор ҳастанд».   (Сураи Инфитор: 10 - 11).

Боз Аллоҳ таъоло фармудааст:

بِأَيْدِي سَفَرَةٍ ❁ كِرَامٍ بَرَرَةٍ

سورة عبس: ١٥ - ١٦

«Ба дасти нависандагоне, ки бузургвору некӯкоранд».   (Сураи Абаса: 15 - 16).

Ғайр аз ин оятҳо, боз оятҳои дигаре (дар фазилати фариштагон) омадааст.

Онҳо мартаба, фазилат ва шаъну шарафе доранд, бинобар ин, дуруд фиристодан бар онҳо машрӯъ буда, ягон монеияте надорад, балки ин амал машрӯъ аст. Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (1/52).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб