Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мансубияти ҳамсар ба оилаи шавҳар

105420

Таърихи нашр : 14-02-2021

Мушоҳидаҳо : 2191

Савол

Оё барои ҳамсар ҷоиз аст, ки номи охири шавҳарашро ба номи охири худ изофа кунад? 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои ҳамсар ҷоиз нест, ки ба оилаи шавҳари худ нисбат дода шавад, чуноне ки ин чиз дар ғайри мусулмонон мунташир аст.

Зеро Бухорӣ (3508) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҳар марде, ки огоҳона худро ба ғайри падари худ нисбат бидиҳад, куфр варзидааст. Ҳар кас худро ба қавме нисбат бидиҳад, ки насаб ва қаробате (хешу таборие) бо онҳо надорад, пас дар дӯзах барои худ нишастгоҳе омода кунад».

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Касе, ки худро ба ғайри падараш нисбат бидиҳад . . Пас бар ӯ лаънати Аллоҳ, фариштагон ва тамоми мардум бод».   Ривояти ибни Моҷа (2599). Албонӣ ин ҳадисро дар Саҳиҳу-л-ҷомиъ (6104) саҳеҳ донистааст.

Ин таҳдиди дарднок барои касест, ки номи падар ё номи хонаводаи худро иваз намуда, худро ба хонавода ё ба қавме, ки ӯ аз онон нест, нисбат бидиҳад.

Инчунин ин амал монандӣ ба кофирон аст, зеро ин одати бад танҳо дар онҳо дида мешавад ва баъзе аз мусулмонони нодон ин одатро аз онҳо гирифтаанд.

Инчунин дар ин одат, ношукриву носипосии зан нисбати аҳлу оилаи худ мушоҳида мешавад, ки ин амал акси некию эҳтиром ва ахлоқи ҳамида мебошад.

Лутфан ба ҷавоби саволи (6241) нигаред.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб