Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ин ҷавондухтар падарашро фармонбардорӣ намуда, рӯза нагирад?

105430

Таърихи нашр : 23-03-2022

Мушоҳидаҳо : 1852

Савол

Ман 29-сола мебошам ва дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе мунтазам рӯза мегирам. Падарам мехоҳад, ки ман танҳо ба як рӯзи он иктифо кунам, аммо ман рӯзаро таҳаммул карда метавонам. Агар ман ӯро мухолифат намоям, оқи падар (фарзанди саркашу нофармон) мешавам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар воқеият ҳамон тавре бошад, ки шумо зикр кардед, пас шумо дар ин ҳолат, ба хотири мухолифат варзиданатон ба ӯ, ки шуморо аз якҷоя рӯза гирифтани душанбе ва панҷшанбе наҳй намудааст, оқи падар (фарзанди саркашу нофармон) ҳисобида намешавед, зеро рӯзаи ин ду рӯз (яъне рӯзаи рӯзи душанбе ва панҷшанбе) тоат аст, модоме ки ба анҷом додани он қодиру тавоно бошед. Фармонбардории махлуқ ҷоиз нест, агар аз тоати Аллоҳ манъ намояд. Илова бар ин, ба назар мерасад, ки ӯ бо шумо меҳрубонӣ кардан мехоҳад ва шуморо ба тарк намудани рӯза маҷбур намекунад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (25/198).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб