Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Истифодаи инсулини истихроҷшуда аз хук ҷоиз нест

105434

Таърихи нашр : 11-01-2024

Мушоҳидаҳо : 632

Савол

Оё барои бемори қанд ҷоиз аст, ки сӯзандоруи инсулинро, ки аз хук гирифта шудааст, истифода бибарад? Зеро ин навъи инсулин нисбат ба инсулине, ки аз гӯсола гирифта мешавад, поктару сифатноктар аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Истифодаи тамоми намудҳои инсулини истихроҷшуда аз хук ҳаром аст, зеро бо далелҳо собит шудааст, ки табобат кардан бо чизҳои ҳаром мамнӯъ мебошад ва Аллоҳ таъоло шифоро дар чизҳои ҳаром қарор надодааст. Яке аз далелҳое, ки дар ин бора собит шудааст, ин аст:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Бандагони Аллоҳ! Табобат кунед, вале ҳаргиз бо ҳаром табобат накунед».  

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён .. Шайх Абдуллоҳ ибни Сулаймон ибни Манеъ.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (25/28).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб