Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳоҷӣ кадом вақт забҳ (қурбонӣ) мекунад?

Савол

Агар ҳоҷӣ барои адо намудани маносики ҳаҷ биравад, оё бар ӯ воҷиб аст, ки забҳ (қурбонӣ) намояд? Оё ӯ бояд дар кишвари худ ҳам забҳ (қурбонӣ) кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

1. Ҳаҷ се навъ мебошад: Ифрод, таматтуъ ва қирон.

Ифрод ин аст, ки шахс танҳо ҳаҷ мекунад. Таматтуъ ин аст, ки аввал умра менамояд, сипас аз эҳроми умра мебарояд ва пас аз он, ҳаҷро адо мекунад. Қирон ин аст, ки ҳаҷҷу умраро дар як эҳром ба ҷой меоварад ва барояш кофист, ки як тавоф ва як саъйеро барои ҳаҷҷу умрааш анҷом бидиҳад.

Аз Урва ибни Зубайр аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Ҳамроҳи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамзамон бо ҳилоли Зулҳиҷҷа (барои ҳаҷ) берун омадем. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе дӯст дорад, ки барои умра талбия гӯяд, пас талбия гӯяд ва касе дӯст дорад, ки барои ҳаҷ талбия гӯяд, пас талбия гӯяд. Агар ҳадй (қурбонӣ)-ро намеовардам, ҳатман барои умра талбия мегуфтам. Пас баъзе аз онҳо барои умра талбия гуфтаанд ва баъзе аз онҳо барои ҳаҷ».

Ривояти Бухорӣ (1694) ва Муслим (1211).

2. Ифрод. Танҳо ҳаҷҷест, ки пеш аз он умра намекунад. Барои муфрид (касе, ки ҳаҷҷи ифродро анҷом медиҳад) забҳи ҳадй (қурбонӣ) воҷиб нест, вале мустаҳаб аст.

3. Аммо дар таматтуъ ва қирон забҳ воҷиб аст, ки ин гуна забҳро шукрона меноманд, яъне ҳоҷӣ Парвардигорашро ба хотири ин ки чунин маносикро барояш машрӯъ кардааст, шукрона мекунад.

Дар таматтуъ ҳоҷӣ умра ва ҳаҷро ҷамъ менамояд ва дар миёни онҳо аз эҳром мебарояд ва аз хушбӯӣ, либос ва ҳамбистарӣ баҳра мебарад.

Аз Солим ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳаҷҷату-л-видоъ бо анҷом додани умра ва ҳаҷ таматтуъ намуд ва қурбонӣ кард. Ҳадй (ҷонвари қурбонишаванда)-ро аз Зулҳулайфа бо худ овард. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо талбия умраро оғоз намуда, сипас ба ҳаҷ талбия гуфт. Мардум низ ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо анҷом додани умра ба ҳаҷ таматтуъ намуданд. Баъзе аз мардум қурбонӣ карданд ва онро бо худ оварданд ва бархе қурбонӣ накарданд. Ҳангоме ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Макка расид, ба мардум гуфт:

«Касе аз шумо ҳадй (қурбонӣ) оварда бошад, чизе ки барояш ҳаром шуда буд, ҳалол намешавад, то он даме, ки ҳаҷҷашро ба поён нарасонад ва касе аз шумо агар ҳадй (қурбонӣ) наоварда бошад, бояд ба Каъба тавоф кунад, байни Сафо ва Марва саъй намояд, мӯйи сарашро кӯтоҳ кунад ва аз эҳром барояд, сипас барои ҳаҷ талбия бигӯяд. Касе ҳадйе (чорпое барои қурбонӣ) наёфт, се рӯз дар айёми ҳаҷ рӯза ва ҳафт рӯз пас аз бозгашт ба сӯи аҳли хонаводааш рӯза бигирад ...».

Ривояти Бухорӣ (1606) ва Муслим (1227).

4. Ҳадй чорпоест аз баҳимату-л-анъом - гӯсфанд, гов ва шутур - ки ҳоҷӣ онро аз хориҷи Ҳарам, қабл аз он ки ба эҳром дарояд, ба хонаи Аллоҳ ҳадия медиҳад. Яке аз фарқиятҳои мутаматтиъ (касе, ки ҳаҷҷи таматтӯъ мекунад) ва қорин (касе, ки ҳаҷҷи қирон мекунад) ин аст, ки қорин (ҳаҷҷи қирон анҷомдиҳанда) баъди тамом кардани умрааш аз эҳром намебарояд. Пайваста то ҳаштуми рӯзи Зулҳиҷҷа, яъне рӯзе, ки бо нияти ҳаҷ медарояд, дар эҳромаш боқӣ мемонад.

Суннат ин аст, ки ҳадй (чорпои қурбонӣ) дар рӯзи иди Қурбон, даҳуми Зулҳиҷҷа забҳ карда шавад.

Аз Солим ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳаҷҷату-л-видоъ бо анҷом додани умра ва ҳаҷ таматтуъ намуд ва қурбонӣ кард. Ҳадй (ҷонвари қурбонишаванда)-ро аз Зулҳулайфа бо худ овард ... Баъд аз он бозгашт ва ба Сафо омад ва байни Сафо ва Марва ҳафт маротиба саъй намуд. Сипас аз ҳеҷ чизе, ки барои ӯ ҳаром буд, берун нашуд, то он даме ки ҳаҷҷашро ба поён расонд ва ҳадй (қурбонӣ)-и худро дар рӯзи иди Қурбон наҳр намуд, сипас равона шуда, тавофи хонаро анҷом дод ва баъд аз он, аз ҳар чизе, ки ҳаром буд, ҳалол гардид.

Ривояти Бухорӣ (1606) ва Муслим (1227).

5. Барои ҳеҷ яке аз ҳоҷиён лозим нест, ки дар кишвари худ забҳ (қурбонӣ) кунад, зеро забҳ яке аз маносики ҳаҷ аст ва маносик танҳо дар Макка анҷом дода мешавад ва ҳатто агар ба хотири баъзе аз маҳзуроти эҳром, забҳ бар ҳоҷӣ воҷиб шавад, дар ин сурат низ дар кишвари худ забҳ намекунад, балки забҳ бояд дар Мино ё Макка анҷом дода шавад.

Абдулазим Ободӣ мегӯяд: Забҳи ҳамаи қурбониҳо дар сарзамини Ҳарам иттифоқан ҷоиз аст, ҷуз ин ки забҳ дар Мино барои ҳаҷ афзалтар аст ва забҳ дар Макка - хусусан дар Марва - барои умра беҳтар аст. Поёни сухан.

Вале агар ҳоҷӣ дар кишвараш ба аҳли хонаводаи худ молеро гузошта бошад, то дар рӯзи ид бо он қурбонӣ бихаранд, ин амали хуб аст.

     Аллоҳ донотар аст.  

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид