Чоршанбе 24 Ҷумода-л-охира 1446 - 25 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё зан метавонад дар равза намоз бихонад?

106574

Таърихи нашр : 21-05-2024

Мушоҳидаҳо : 1062

Савол

Агар зан ба масҷиди Набавӣ биравад, оё барояш ҷоиз аст, ки дар равза намоз бихонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, барои ӯ ҷоиз аст, ки дар ҳама ҷои масҷид намоз бихонад, аммо ба шарте ки мардонро издиҳом накунад. Агар ин чиз барояш муяссар нашавад, магар бо издиҳом намудани мардон, пас набояд ин корро анҷом бидиҳад. Ҳукми масҷиди Набавӣ дар савоб яксон аст ва ҳатто он тавсеаҳое, ки ба он изофа карда шудаанд, ҳукмашон дар савоб мисли ҳукми асли он аст. (Яъне савоби намоз хондан дар тамоми гушаҳои масҷиди Набавӣ яксон аст ва ҳатто аҷру савоби намоз хондан дар заминҳое, ки баъдан ба масҷиди Набавӣ пайваст карда шудаанд, мисли аҷру савоби мавзеъи қадими он аст).

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд:

«Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигар, магар Масҷиду-л-ҳаром».   

Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (23/422).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб