Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми касе, ки ҳаётро дашном медиҳад

10915

Таърихи нашр : 09-08-2024

Мушоҳидаҳо : 1588

Савол

Оё барои инсон ҷоиз аст, ки ҳар гоҳ ғазаб кунад ва ё ҳаёт барояш танг шавад, он (ҳаёт)-ро дашном бидиҳад? Аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар бора каме равшанӣ андозед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои инсон ҷоиз нест, ки ҳар гоҳ аз ҳаёт хаста шавад, онро дашном бидиҳад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигори худ ривоят кардааст, ки Ӯ мефармояд:

يُؤْذِينِي ابْنُ آدَمَ، يَسُبُّ الدَّهْرَ، وَأَنَا الدَّهْرُ، بِيَدِي الْأَمْرُ، أُقَلِّبُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ

«Фарзанди Одам маро азият медиҳад, рӯзгорро дашном медиҳад, дар ҳоле ки Ман худ рӯзгор ҳастам, ки фармон дар дасти ман аст, шабу рӯзро дигаргун месозам».

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд:
«Рӯзгорро дашном надиҳед, зеро Аллоҳ худ рӯзгор аст».

Яъне Ӯ идоракунандаи рӯзгор (замона) аст. Агар инсон ба мусибате гирифтор шавад, бояд сабр кунад ва подош биҷӯяд, зеро Аллоҳ таъоло ба сабр дастур намудааст.

Аллоҳ таъоло ба паёмбари худ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

تِلْكَ مِنْ أَنبَاء الْغَيْبِ نُوحِيهَا إِلَيْكَ مَا كُنتَ تَعْلَمُهَا أَنتَ وَلاَ قَوْمُكَ مِن قَبْلِ هَذَا فَاصْبِرْ إِنَّ الْعَاقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ

سورة هود: ٤٩

«Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту онҳоро медонистӣ ва на қавми ту. Пас сабр кун, ки ба ростӣ оқибати нек аз они парҳезгорон аст».   (Сураи Ҳуд: 49).

Бояд инсон бидонад, ки ҳеҷ мусибате нест, магар ин ки дар дунё мусибати бузургтар аз он ҳам вуҷуд дорад. Агар инро дарк кунад, мусибаташ осон мешавад.

Сарчашма: Аз фатовои Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин дар "Маҷаллату-д-даъва" шумораи 1757, саҳифаи 45