Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Дар ҳаҷҷу умра бо забон ният кардан машрӯъ нест

Савол

 

Агар ҳоҷӣ "лаббайка умратан" ё "лаббайка ҳаҷҷан" бигӯяд, оё ин талаффуз намудани ният ба ҳисоб меравад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар дар ибодати ҳаҷ "лаббайка ҳаҷҷан" ё "лаббайка умратан" бигӯяд, ин ба маънои оғози ният нест, зеро ӯ қабл аз ин ният карда буд. Аз ин рӯ, машрӯъ нест, ки бигӯем: "Эй Аллоҳ, ман умра кардан мехоҳам" ё "Эй Аллоҳ, ман ҳаҷ кардан мехоҳам". Балки бо қалб ният кун ва бо забон талбия бигӯ.

Дар мавриди талаффуз намудани ният бо забон дар ғайри ҳаҷҷу умра, ба ҳамагон маълум аст, ки ин кор машрӯъ нест. Бинобар ин, барои инсон суннат нест, ки агар вузӯ карданӣ шавад, бигӯяд: "Эй Аллоҳ, ман мехоҳам, ки вузӯ бигирам". "Эй Аллоҳ, ният кардам, ки вузӯ бигирам". Ва ё намоз хонданӣ шавад, бигӯяд: "Эй Аллоҳ, ман мехоҳам, ки намоз бихонам". "Эй Аллоҳ, ният кардам, ки намоз бихонам".

Ҳамаи инҳо номашрӯъ мебошанд ва беҳтарин роҳу равиш роҳу равиши Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/20).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб