Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Таҷлили мавлудҳо, мавсимҳо ва додани хӯрок дар ин мавсимҳо

Савол

Ҳукми касе, ки ҳар сол дар шаби мавлуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хатмеро анҷом медиҳад ва ба камбағалону мискинон хӯрок медиҳад, чӣ гуна аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҷамъ намудани мардум ба хӯрок дар идайн (иди Фитр ва иди Азҳо) ва айёми ташриқ (рӯзҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳуми моҳи Зулҳиҷҷа) суннат аст ва ин амал яке аз нишонаҳои Ислом мебошад, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро барои мусулмонон суннат гардонидааст.

Кӯмак намудани камбағалон бо хӯрок дар моҳи Рамазон яке аз суннатҳои Ислом мебошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки рӯзадореро ифтор бидиҳад, ба мисли рӯзадор савоб мегирад».

Ато кардан ба қориёни камбағал, ки ба онҳо барои таълим ва омӯзиши Қуръон кӯмак мекунад, ҳама вақт амали солеҳ аст. Касе ки онҳоро дар ин амр кӯмак кунад, дар аҷру савоб бо онон шарик хоҳад шуд.

Аммо қарор додани мавсиме ғайр аз мавсимҳои шаръӣ, ба монанди яке аз шабҳои моҳи Рабиъу-л-аввал, ки онро шаби мавлуд мегӯянд, ё яке аз шабҳои Раҷаб ё ҳаждаҳуми Зулҳиҷҷа ё аввалин ҷумъаи моҳи Раҷаб ё ҳаштуми Шаввол, ки ҷоҳилон онро иду-л-аброр (иди некӯкорон) меноманд, аз бидъатҳоест, ки гузаштагон онро мустаҳаб надонистаанд ва онро анҷом ҳам надодаанд. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло донотар аст". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово Ибни Таймия" (25/298).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб