Шанбе 9 Рабиъу-л-охир 1446 - 12 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Мехоҳад аз номи мусулмони фосиқ садақа бидиҳад

11074

Таърихи нашр : 21-02-2024

Мушоҳидаҳо : 673

Савол

Агар баъзе мусулмонони носолеҳи бадкореро бишиносам, оё метавонам аз номи онҳо як миқдор пул садақа кунам? Оё ин мардум дар рӯзи қиёмат медонанд, ки бахше аз ҳасаноташон аз ҷониби касест, ки аз номи онҳо садақа кардааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, барои шумо ҷоиз аст, ки аз номи бародари мусулмонатон садақа бидиҳед, гарчанде ки ӯ муртакиби баъзе гуноҳон ҳам бошад. Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки барои ин кор ба шумо подош бидиҳад.

Шакке нест, ки онҳо дар рӯзи қиёмат хоҳанд донист, ки шумо аз номи онҳо садақа кардаед.

Сарчашма: Шайх Саъд Ал-Ҳумайд