Душанбе 7 Рабиъу-л-охир 1442 - 23 Ноябр 2020
Тоҷикӣ

Зино кардааст, виҷдонаш ӯро азоб медиҳад ва мехоҳад, ки аз ҷанин халос шавад

11195

Таърихи нашр : 12-07-2020

Мушоҳидаҳо : 463

Савол

Ман мусулмони безан мебошам. Дар Амрико зиндагонӣ мекунам. Ман бо як зан як чанд маротиба зино кардаам. Ҳоло ӯ ҳомиладор аст. Ман мехоҳам бидонам, ки оё барои ҳалли мушкилӣ метавонам бо ӯ издивоҷ кунам, (яъне шармандагиву беобрӯиро бипӯшонам), то навзод падар пайдо кунад ва номи ӯро бигирад. Дар воқеъ, мутаассифона ман исқоти ҳамлро бартар медонам ва мехоҳам ӯро ба ин кор қонеъ созам. Аммо намедонам, ки ин куштори шахс ҳисобида мешавад. Агар ин тавр бошад, ба хотири ҳамин эҳсоси гуноҳ мекунам. Ман фикр мекунам, ки ҷанин тақрибан шаш-ҳашт ҳафтина аст. Лутфан, ман дар ин бора, ҳарчӣ зудтар ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дорам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: Бародари мусулмонам, бароят ба хотири имоне, ки онро дар ҳоли зино гум кардаӣ, ҳамдардӣ баён мекунам, Аллоҳ азо ва мусибататро ба хайр гардонад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Зинокор, ҳангоми зино мӯъмин нест. Шаробнӯш, ҳангоми шаробнӯшӣ мӯъмин нест. Дузд, ҳангоми дуздӣ мӯъмин нест. Ғоратгаре, ки моли боарзишеро ғорат мекунад, дар ҳоле, ки мардум ба ӯ бо чашмонашон нигоҳ мекунанд, ҳангоми ғоратгарӣ мӯъмин нест".   Ривояти Бухорӣ, рақами ҳадис: (2475).

Оё сухани Парвардигоратро ба ёд наовардӣ, ки дар китоби худ фармудааст:

وَلا تَقْرَبُوا الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلاً

  [الإسراء: 32].

"Ба зино наздик машавед. Зино кори зишт ва бадтарин роҳ аст".   (Сураи Исро: 32).

Оё надонистӣ, ки Аллоҳ туро дар куҷое, ки бошӣ, мебинад.

Ҳаргоҳ сухан гӯӣ, туро мешунавад.

Оё неъматҳои бузурги Аллоҳро, ки ба ту додааст, ба хотир наовардӣ? Ӯ зотест, ки агар бемор шавӣ, туро шифо мебахшад. Агар гурусна шавӣ, туро таъом медиҳад. Агар ташна шавӣ, туро об медиҳад. Ӯ туро ба бузургтарин неъмате, ки ба мардум инъом кардааст, неъмати ислом муваффақ кардааст. Оё мукофоти некӣ ҷуз некӣ аст?

Бародарам! Ба нафси худ андеша бикун. Дар мулки кӣ зиндагонӣ менамоӣ? Аз ризқи кӣ мехӯрӣ? Бо амри кӣ зиндагонӣ менамоӣ?

Оё мулки Аллоҳ нест? Оё ризқи Аллоҳ нест? Оё амри Аллоҳ нест? Пас чӣ гуна Аллоҳро нофармонӣ мекунӣ?

Шояд ҳадиси бузург (ҳадиси меъроҷ)-ро фаромӯш кардаӣ, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

" ... Пас рафтем, то ин ки ба монанди танӯре расидем. Гумон мекунам, ки фармуд: Ногоҳ дидем, ки дар он суханони нофаҳмо ва овозҳое аст. Ба он нигоҳ кардем, ки мардону занони бараҳна дар дохили он буданд. Аз зери онҳо шӯълаи оташ меомад. Ҳаргоҳ ба онҳо он шӯълаи оташ мерасид, доду фарёд мезаданд. Ба онҳо гуфтам: Инҳо киҳоянд? Ба ман гуфтанд: Бирав, бирав ... Ба онҳо гуфтам: Ман дар ин шаб чизҳои тааҷҷубоварро дидам. Ман он чи дидам, чӣ буд? Ба ман гуфтанд: Ба ту хабар медиҳем ... Аммо мардону занони бараҳнае, ки дар биное ба монанди танӯр қарор доштанд, онон занону мардони зинокоранд".   Бухорӣ ин ҳадисро дар боби гуноҳи зинокорон, таҳти рақами (7047) ривоят кардааст.

Эй бародарам! Пеш аз ин, ки ба ту марг биёяд, бояд бо тезӣ тавбаи насуҳ намоӣ. Дари тавба то баромадани офтоб аз ҷониби мағриб ё то расидани руҳ ба ҳалқ, кушода аст. Аллоҳ ба тавбаи бандаи худ шод мешавад ва бадиҳояшро ба некиҳо табдил медиҳад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا ، يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً ، إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً، وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحاً فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللَّهِ مَتَاباً

الفرقان: 68-71

"Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба намояд ва кори шоиста кунад, ба дурустӣ ки ӯ ба сӯи Аллоҳ боз мегардад".   (Сураи Фурқон: 68-71).

Дуввум: Аммо дар мавриди суханат "Оё бар ман воҷиб аст, ки бо ӯ издивоҷ кунам?"

Ин масъала: (Издивоҷи марди зинокор бо зане, ки зино кардааст).

Ҷавоб: Бо он зан издивоҷ карданаш ҷоиз нест. Инчунин барои он зан ҷоиз нест, ки бо он мард издивоҷ кунад, то он даме, ки васфи зино аз ҳар яки онон бардошта шавад. Ин васф фақат бо тавба бардошта мешавад.

Бароят ҷоиз нест, ки бо ӯ издивоҷ кунӣ, гарчанде ки ӯ яҳудӣ ё насронӣ бошад, зеро ӯ зинокор аст. Агар ӯ мусулмон бошад, дар ин ҳолат ҳам бо ӯ издивоҷ карданат ҷоиз нест, зеро ӯ зинокор аст. Барои ӯ ҷоиз нест, ки туро шавҳар қабул кунад, зеро ту зинокор мебошӣ.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

الزَّانِي لَا يَنكِحُ إلا زَانِيَةً أَوْ مُشْرِكَةً وَالزَّانِيَةُ لا يَنكِحُهَا إِلا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ وَحُرِّمَ ذَلِكَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ

  [النور: 3].

"Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро ғайри марди зинокор ё марди мушрик ба занӣ намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудаст".   (Сураи Нур: 3).

Сухани Аллоҳ таъоло: "Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудаст".

Далел бар ҳаром будани ин издивоҷ аст.

Ба ҳар яке аз шумо воҷиб аст, ки ба сӯи Аллоҳ тавба кунад ва ин гуноҳро тарк намояд ва аз кори фоҳишае, ки дар гузашта рӯй дода буд, пушаймон шавад ва азм намояд, ки ба сӯи он бар намегардад ва амалҳои шоистаро зиёд анҷом диҳад, шояд Аллоҳ тавбаи ӯро қабул намуда, бадиҳояшро ба некиҳо табдил медиҳад.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا ، يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً ، إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً، وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحاً فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللَّهِ مَتَاباً

الفرقان: 68-71

"Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба намояд ва кори шоиста кунад, ба дурустӣ ки ӯ ба сӯи Аллоҳ боз мегардад".   (Сураи Фурқон: 68-71).

Агар хоҳӣ, ки бо ӯ издивоҷ кунӣ, бояд он зан пеш аз бастани ақди никоҳ як маротиба ҳайз шуда, аз он пок шавад. Агар маълум шавад, ки ӯ ҳомиладор аст, бо ӯ издивоҷ кардан ҷоиз нест, то он даме, ки таваллуд кунад, мувофиқи ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки дар он мардро манъ кард, ки оби худро ба киштзори дигаре бирезад. Поёни сухан.

Фатвои Кумитаи доимӣ дар "Маҷаллату-л-буҳусу-л-исломия" (Ҷ/9 Саҳ/72).

Саввум: Дар мавриди суханат "То навзод падар пайдо кунад ва номи ӯро бигирад". Ин масъалаи насаби валадуззино аст, ки ӯ насаби киро мегирад?

Ҷавоб:

Аксари донишмандон бар ин назаранд, ки валадуззино ба марди зинокор нисбат дода намешавад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Фарзанд аз они рахти хоб аст ва барои марди зинокор санг аст".   Муттафақун алайҳ (Бухорӣ 2053 ва Муслим, 1457). Китоби "Ал-Муғнӣ"-и Ибни Қудома (Ҷ/7, Саҳ/129).

Чаҳорум: Дар мавриди суханат "Ман исқоти ҳамлро бартар медонам". Ин масъалаи исқоти ҳамл мебошад ва ҳукми он тавре, ки дар гузориши ҳайати Шӯрои Олии уламо таҳти рақами/ 140, дар таърихи 20/6/1407-и ҳиҷрӣ омадааст, чунин аст:

1 – Исқоти ҳамл дар ҳама гуна марҳилаҳои он, магар бо сабабҳои шаръӣ ва дар доираи хеле маҳдуд ҷоиз намебошад.  

2 – Агар ҳомиладорӣ дар марҳилаи аввал бошад, ки чиҳил рӯз аст ва дар исқоти ҳамл манфиати шаръӣ бошад, ё зарареро бартараф кунад, пас исқоти ҳамл ҷоиз аст. Аммо исқоти ҳамл дар ин марҳила аз тарси душворӣ дар тарбияи фарзандон, ё аз тарси нотавонӣ аз хароҷоти зиндагӣ ва таълими онон, ё аз тарси ояндаи онон, ё ин ки зану шавҳар фикр мекунанд, ки фарзандони кофӣ доранд, исқоти ҳамл ҷоиз нест.    

3 – Агар ҷанин ба хуни баста ё гӯштпора табдил ёфта бошад, исқоти ҳамл ҷоиз намебошад, магар ин ки кумитаи тиббии боэътимод изҳор намояд, ки ҳомиладорӣ ба саломатии модар хатарнок аст, тарси он вуҷуд дорад, ки агар ҳомиладорӣ идома ёбад, модар мемирад. Дар ин ҳолат, пас аз пайдо накардани тамоми дигар воситаҳои дур кардани ин хатар, исқоти ҳамл ҷоиз аст. (Яъне аввалан кӯшиш мекунад, ки бо дигар воситаҳо модарро аз ин хатар наҷот бидиҳад. Агар ягон воситаеро барои наҷоти модар пайдо накунад, ба ғайри исқоти ҳамл, дар ин ҳолат исқоти ҳамл ҷоиз аст).

Пас аз марҳилаи саввум ва пас аз ба итмом расидани чаҳор моҳи ҳомиладорӣ, исқоти ҳамл ҷоиз нест, магар ин ки гурӯҳе аз пизишкони мутахассиси боэътимод қарор кунанд, ки боқӣ мондани ҷанин дар батни модараш, сабаби марги модар мешавад, ин пас аз пайдо накардани тамоми воситаҳои зинда нигоҳ доштани ҷанин аст. (Яъне аввалан кӯшиш мекунад, ки бо дигар воситаҳо ҷанинро зинда нигаҳ бидорад). Исқоти ҳамл бо ин шартҳо ба хотири дурӣ аз бузургтарини яке аз ин ду зарарҳо ва барои ба даст овардани бузургтарини яке аз ин ду манфиатҳо иҷозат дода шудааст. Поёни сухан.

Иқтибос аз "Ал-Фатово-л-Ҷомиъа" (Ҷ/3, Саҳ/1055).

Аз Аллоҳ саломатӣ ва офиятро мепурсем ва аз Ӯ мехоҳем, ки тавбаи моро бипазирад.

Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид