Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дар охирин рӯзи Рамазон мусулмон шуд, оё бояд закоти фитр бидиҳад?

Савол

Агар дар охирин рӯзи Рамазон мусулмон шавад, бояд садақаи фитр бидиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, бояд садақаи фитр бидиҳад, зеро ӯ аз ҷумлаи мусулмонон аст ва дар ҳадиси Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро ба андозаи як соъ хурмо ё як соъ ҷав бар ҳар марду зан, озоду ғулом ва хурдсолу бузурги мусулмон фарз гардонид». 

Поёни сухан.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Ал-Иҷоботу ъало асъилати-л-ҷолиёт" (9, 1/8).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб