Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё нӯшидани об дар саҳарӣ кофӣ аст?

Савол

Оё дар саҳарихӯрӣ танҳо об нӯшидан саҳарӣ номида мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ба назар мерасад, ки он саҳарӣ номида мешавад, агар ғизо наёбад, зеро дар ҳадис омадааст: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ифтор бикунад, пас бояд бо рутаб (хурмои тару тоза) ифтор намояд ва агар рутаб наёбад, пас бо тамр (хурмои хушк) ва агар тамр ҳам наёбад, бо ҷуръаи об ифтор кунад».  

Агар ғизое надошта бошад, яъне ягон чизи хӯрданӣ надошта бошад ва ё хӯрдание дошта бошад, вале намехоҳад, ки онро бихӯрад ва об бинӯшад, умедворам, ки суннатро пайравӣ намудааст". Поёни сухан.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Фатово нурун ала-д-дарб"

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб