Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми Малаак ном гузоштан

11228

Таърихи нашр : 10-09-2020

Мушоҳидаҳо : 1608

Савол

Оё ба духтар Малаак ном гузоштан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) дар мавриди духтарро Малаак ном гузоштан пурсида шуд, дар ҷавоб гуфт: Ин номро нагузоштан бо ду сабаб беҳтар аст:

1. Мақсад аз Малаак, Малак (مَلَك) [фаришта] аст. Дар ин ном муболиғаест оиди касе, ки ба ӯ ин ном гузошта шудааст.

2. Ин ном дар назди насоро машҳур аст. Онҳо калимаи малак (مَلَك)-ро малаак (مَلاَك) талаффуз мекунанд. Номҳои некӯе, ки дар он шубҳае нест, хеле зиёданд. Бояд ин номҳои некӯ ба ҷои номҳое, ки ишкол ё шубҳае доранд, истифода шаванд.

Сарчашма: Шайх Абдураҳмон Ал-Баррок